Тоҷикистон барои афғонистониҳо 40 бурсия ҷудо кард. Намояндаи Сафорати Афғонистон “гила” дорад

Имсол Тоҷикистон барои шаҳрвандони Афғонистон 40 бурсия (квота) ҷудо кардааст. Масъулини Вазорати маориф ва илм мегӯянд, ки дар бурсия маъруфтарин ихтисосҳои донишгоҳҳои бонуфузи Тоҷикистон шомил аст, вале намояндаи Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон нигаронӣ дорад, ки “ихтисосҳои бадардхӯр кам аст”. Наврӯзи Мирзо, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, вазорат ҳамасола барои афғонистониҳо 50 […]

Имсол Тоҷикистон барои шаҳрвандони Афғонистон 40 бурсия (квота) ҷудо кардааст. Масъулини Вазорати маориф ва илм мегӯянд, ки дар бурсия маъруфтарин ихтисосҳои донишгоҳҳои бонуфузи Тоҷикистон шомил аст, вале намояндаи Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон нигаронӣ дорад, ки “ихтисосҳои бадардхӯр кам аст”.

Наврӯзи Мирзо, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, вазорат ҳамасола барои афғонистониҳо 50 бурсия ҷудо мекард, ки як қисми он ба хатмкунандагони мактабҳои Афғонистон ва қисми дигараш ба афғонистониҳои муқими Тоҷикистон пешниҳод мешуд.

“Имсол бо баъзе сабабҳо теъдоди бурсия кам шуд ва дар соли таҳсили нав Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон танҳо барои шаҳрвандони Афғонистон, ки дар қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, 40 бурсия ҷудо кард”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Сухангӯи Вазорати маориф ва илм афзуд, ки “дар миёни бурсияҳо маъруфтарин ихтисосҳои донишгоҳҳои бонуфузи кишвар шомил аст ва афғонистониён имкон доранд, ки аз рӯи шавқу рағбат ихтисоси ояндаи худро интихоб кунанд”.

Ӯ гуфт, ки ҳоло рӯйхати ихтисоси бурсияҳо ба масъулини Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ироа шудааст ва интихоби довталабон идома дорад.

“Ихтисосҳои бадардхӯрд каманд”

Башируллоҳ Тавҳидӣ, сардори бахши маорифи Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо “Азия-Плюс” ҷузъиёти кам ҷудо шудани бурсия ва нигаронии муҳассилини афғонистониро гуфт.

Ба гуфтаи ӯ, имсол бинобар сабаби манъи таҳсил, ба вижаи таҳсили занон дар Афғонистон ва муносибатҳои давлати Тоҷикистон бо намояндагони Толибон* камтар бурсия шудо гардид.

“Дар солҳои қаблӣ 50 бурсия ҷудо мешуд ва мо нисфи онро ба хатмкардагони камбизоати Афғонистон равон мекардем. Ҳудуди 30 нафар муҳассилини кишвари мо бо бурсия барои таҳсил ба Тоҷикистон меомаданд. Аммо имсол хатмкунандагони Афғонистон имкон надоранд, ки тариқи бурсия барои таҳсил ба Тоҷикистон оянд. Акнун 40 бурсияи имсол ҷудошуда ба афғонистониҳои муқими Тоҷикистон дода мешавад”, – шарҳ дод Башируллоҳ Тавҳидӣ.

Тавҳидӣ бо нигаронӣ афзуд, ки “дар соли таҳсили гузашта 41 нафар хонандагони Афғонистон мактаби вижаи афғонии “Сомониён”-и шаҳри Душанберо хатм карданд, вале ҳоло ҳамаи онҳо наметавонанд, ки ба ихтисосҳои писандидаи худ тариқи бурсия дохил шаванд”.

“Дар рӯйхати бурсияҳои ҷудокардаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ихтисосҳои гунонгун ҳастанд, аммо муҳассилини мо намехоҳанд дар он ихтисосҳо таҳсил кунанд. Ихтисосҳои бадардхӯрд каманд. Масалан, хонанадгони афғон бештар мехоҳанд, ки дар риштаи тиб таҳсил кунанд, аммо бурсия кам аст”, – гуфт Башируллоҳ Тавҳидӣ.

Намояндаи Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, ҳоло хатмкунандагони афғон барои кумак ба таҳсилашон ба намояндагони созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат кардаанд ва дар сурати пазироӣ 60 дарсади маблағи таҳсили онҳоро созмонҳои байналмилалӣ ба дӯш мегиранд.

Бояд гуфт, ки бо сари қудрат омадани гурӯҳи Толибон дар Афғонистон дар моҳи августи соли 2021 таҳсили духтарон дар синфҳои болоии мактабҳои миёна ва донишгоҳҳои олӣ дар ин кишвар манъ шуд.

Ёдовар мешавем, ки Толибон дар соли равон дипломҳои хатми духтарони афғонро надоданд ва ахиран иштироки духтаронро дар имтиҳони имсолаи дохилшавӣ ҳам манъ карданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – Афғонистон бихонед

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.