Толибон иштироки духтаронро дар имтиҳони имсолаи дохилшавӣ манъ карданд

Идораи миллии имтиҳонҳои таҳти раҳбарии Толибон* мегӯяд, ки дар имтиҳони дохилшавӣ имсол танҳо донишҷӯёни мард ширкат хоҳанд кард. Дар ин бора рӯзномаи "8-и субҳ" хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дирӯз, 18-уми июл, ин ниҳод дар Твиттер навиштааст, ки мамнӯъияти ширкати донишҷӯдухтарон бо фармони хаттии Вазорати таҳсилоти олии Толибон сурат гирифтааст. Бояд гуфт, ки Толибон бо […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Идораи миллии имтиҳонҳои таҳти раҳбарии Толибон* мегӯяд, ки дар имтиҳони дохилшавӣ имсол танҳо донишҷӯёни мард ширкат хоҳанд кард. Дар ин бора рӯзномаи "8-и субҳ" хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дирӯз, 18-уми июл, ин ниҳод дар Твиттер навиштааст, ки мамнӯъияти ширкати донишҷӯдухтарон бо фармони хаттии Вазорати таҳсилоти олии Толибон сурат гирифтааст.

Бояд гуфт, ки Толибон бо тасаллути дубора ба Афғонистон, монанди давраи аввали ҳокимияти худ, дари мактабҳои миёна ва литсейҳоро ба рӯи духтарон бастаанд.

Бо вуҷуди тааҳҳудоти чандинкаратаи масъулони ин гурӯҳ барои боз кардани мактабҳо, духтарони Афғонистон тақрибан ду сол боз аз таҳсил маҳруманд.

Ҳарчанд интизор мерафт, ки ин тасмими Толибон кӯтоҳмуддат хоҳад буд. Зеро тақрибан ду сол пеш сарпарасти Вазорати маорифи Толибон дар бораи "муҳайё кардани фазои амн барои таҳсили духтарон тибқи шариати исломӣ" ҳарф зада буд, аммо дар поёни соли 2022 фармони мутаваққиф шудани таҳсили духтарон ноумедии духтарони Афғонистонро бештар кард.

Ба рӯи духтарон баста шудани мактабу донишгоҳҳо ҳамеша вокунишҳои миллӣ ва байнулмилалӣ доштааст, вале то ҳол ҳеҷ як аз ин вокунишҳо натиҷаи мусбат надодааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.