Криштиану Роналдо ба Тоҷикистон меояд

Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар қуръакашии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар як гурӯҳ қарор гирифт ва ҳамакнун, Криштиану Роналдо, сардори ин дастаи арабӣ ба Тоҷикистон хоҳад омад. Маросими қуръакашӣ имрӯз, 24-уми август, дар шаҳри Куала – Лумпури давлати Малайзия баргузор гардид. Дар гурӯҳи Е якҷо бо “Истиқлол” ва “Ал-Наср” ҳамчунин, дастаҳои “Персаполис”-и […]

Asia-Plus

Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар қуръакашии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар як гурӯҳ қарор гирифт ва ҳамакнун, Криштиану Роналдо, сардори ин дастаи арабӣ ба Тоҷикистон хоҳад омад.

Маросими қуръакашӣ имрӯз, 24-уми август, дар шаҳри Куала – Лумпури давлати Малайзия баргузор гардид.

Дар гурӯҳи Е якҷо бо “Истиқлол” ва “Ал-Наср” ҳамчунин, дастаҳои “Персаполис”-и Эрон ва “Ал-Дуҳайл”-и Қатар низ шомиланд.

Даври аввали марҳилаи гурӯҳии бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои Осиё 19-уми сентябр оғоз мешавад. То 13-уми декабр бозиҳои марҳилаи гуруҳӣ ба анҷом мерасад ва ғолибони гурӯҳ ба марҳилаи дигар роҳ меёбанд.

Дар ин марҳила дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ду маротиба бо дастаи “Ал-Наср” – як маротиба дар майдони худ ва маротибаи дигар дар сафар бозӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.