Тоҷикистон бар асари коҳиши содироти мол 600 млн долларро аз даст дод

Содироти молу маҳсулоти Тоҷикистон дар зарфи 7 моҳи соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 200 ба андозаи 43,6% кам шуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Давоми моҳҳои январ-июл аз ҷумҳурӣ ба маблағи 767 млн доллар молу маҳсулот содир шудааст, ки 592 млн доллар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Коҳиши содирот […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Содироти молу маҳсулоти Тоҷикистон дар зарфи 7 моҳи соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 200 ба андозаи 43,6% кам шуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Давоми моҳҳои январ-июл аз ҷумҳурӣ ба маблағи 767 млн доллар молу маҳсулот содир шудааст, ки 592 млн доллар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Коҳиши содирот дар навбати аввал ба кам шудани фурӯши фулузот (металл) ва сангҳои қиматбаҳову нимқиматбаҳо маънидод мешавад. Фурӯши ин маҳсулот аз 415 млн доллар дар моҳҳои январ-июли соли гузашта то ба 649 ҳазор доллар дар соли ҷорӣ кам шудааст.

Ҳамчунин коҳиши фурӯши фулузоти арзон ва маснуот аз он (алюминии аввалия ва маснуот аз он) аз 205 млн доллар то 172 млн доллар низ ба камшавии содирот аз ҷумҳурӣ таъсири ҷиддӣ расонид.

Ғайр аз ин, фурӯши нахи пахта, ки яке аз ду маҳсулоти асосии содиротии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, низ ба таври назаррас – аз 133 млн доллар то 80 млн доллар кам шуд.

Содироти маҳсулоти минералӣ (неруи барқ, семент, маъдану консентратҳо, ангишт ва ғайра) ба маблағи 138 млн доллар, маҳсулоти растанӣ (сабзавоту мева, полезиҳо ва ғайра) – 7 млн доллар коҳиш ёфт.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ Қазоқистон 22,6% (аз ҳаҷми умумии содироти мол), Чин – 20,9%, Туркия – 12,4%, Русия – 11,7% ва Ӯзбекистон – 11,2% дониста шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридоти молу маҳсулот ба андозаи 16% – аз 2,8 млрд то ба 3,2 млрд доллар афзуд.

Молу маҳсулоти асосӣ дар сохтори воридоти кишвар маҳсулоти минералӣ (маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, ангишт ва ғайра) – 17,1%, мошину таҷҳизот – 13,7%, фулузоти арзон ва маснуот аз он – 10% зикр шудаанд.

Воридкунандагони асосии молу маҳсулот ба кишвар Русия (28,2% аз ҳаҷми умумӣ), Чин (20,6%) ва Қазоқистон (14,7%) боқӣ мондаанд.

Дар маҷмӯъ, ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 7 моҳи соли равон ҳудуди 4 млрд долларро ташкил дод, ки 3,5% ё худ 146 млн доллар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад. Дар ин давра ҷумҳурӣ бо 111 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиётӣ динӣ наздикӣ 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.