“Фурсати донистан”: Асосҳои оғоз ва рад намудани ҳуҷҷати иҷро бе оғози истеҳсолоти иҷро кадомҳоянд?

  Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд, ки бо Меҳрубон Зоқирӣ мавзуи асосҳои оғоз ва рад намудани ҳуҷҷати иҷро бе оғози истеҳсолоти иҷроро баррасӣ карданд.  Иҷрочии мақомоти иҷро ӯҳдадор […]

Asia-Plus

 

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд, ки бо Меҳрубон Зоқирӣ мавзуи асосҳои оғоз ва рад намудани ҳуҷҷати иҷро бе оғози истеҳсолоти иҷроро баррасӣ карданд. 

Иҷрочии мақомоти иҷро ӯҳдадор аст ҳуҷҷати иҷроро дар нусхаи асл аз ситонанда дар асоси аризаи ӯ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз суд, мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдоре, ки онро додааст, барои иҷро қабул карда, на дертар аз рӯзи дигари пас аз рӯзи қабул истеҳсолоти иҷроро оғоз намояд, агар:

– ҳуҷҷати иҷро ба талаботи пешбининамудаи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” мутобиқ бошад;

– мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро барои иҷро ба охир нарасида бошад.

 

Дар бораи оғози истеҳсолоти иҷро иҷрочии мақомоти иҷро қарор қабул менамояд. Дар қарор оид ба оғоз намудани истеҳсолоти иҷро маълумоти зерин бояд дарҷ карда шаванд:

сана ва ҷойи қабули қарор;

– насаб, ном ва номи падари иҷрочии мақомоти иҷро;

– асосҳои қарори қабулшаванда бо истинод ба қонунҳо ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрочии мақомоти иҷро онҳоро ба роҳбарӣ гирифтааст;

– ба кӣ ва ба кадом мақомот ирсол кардани нусхаи қарор;

– дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун нишон додани маълумот оид ба ситонидани пардохти иҷро.

 

Иҷрочии мақомоти иҷро мавҷудияти истеҳсолоти иҷрои дигарро нисбати қарздор муайян менамояд. Дар сурати ошкор шудани дигар истеҳсолоти иҷро нисбати қарздор иҷрочии мақомоти иҷро ситонандаро дар ин бора огоҳ намуда, тартиби бо навбат қонеъгардонии талаботи истеҳсолоти иҷроро тибқи қонун ба ӯ мефаҳмонад.

Иҷрочии мақомоти иҷро дар баробари оғоз намудани истеҳсолоти иҷро бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ намудани оқибатҳои номатлуби он бо риояи талаботи қонун маълумот оид ба ворид намудани қарздор ба Феҳристи ягонаи давлатии қарздоронро тартиб дода, ба мақомоти иҷро онро пешниҳод менамояд. Ҳамзамон, баҳри таъмини иҷрои дуруст ва саривақтии ҳуҷҷати иҷро аз рӯи аризаи ситонанда ё бо ташаббуси худ бо риояи талаботи қонун қарор қабул намояд.

Оғози истеҳсолоти иҷро дар ҳолати пешниҳоди ҳуҷҷати иҷрое, ки иҷрои он ба ваколати иҷрочии мақомоти иҷро дохил намегардад, рад карда мешавад.

Иҷрочии мақомоти иҷро дар муддати се рӯз аз рӯзи ворид шудан ҳуҷҷати иҷрое, ки пешниҳоди он дар қонун пешбинӣ гардидааст, бо қабули қарор ба ситонанда, суд, мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдоре, ки онро барои иҷро додааст, бармегардонад. Нусхаи қарори мазкур оид ба рад намудани оғози истеҳсолоти иҷро бо замимаи ҳамаи ҳуҷҷатҳои воридшуда на дертар аз рӯзи дигари пас аз қабули он ба ситонанда, инчунин ба суд, мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдоре, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст, ирсол карда мешавад.

Иҷрочии мақомоти иҷро ҳуҷҷати иҷроро агар бо вайрон намудани мӯҳлати пешниҳоди он барои иҷро ё дар нусхаи асл пешниҳод нагардидан ба вай равон карда шуда бошад, дар муҳлати се рӯз пас аз рӯзи ворид шудани он, ба ситонанда ё ин ки ба суд, мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдоре, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст, дар сурати мувофиқат накардани он ба талаботи пешбининамудаи қонун бармегардонад ва вобаста ба ин қарор қабул менамояд. Дар қарор оид ба баргардонидани ҳуҷҷати иҷро асосҳои баргардонидани ҳуҷҷати иҷро нишон дода мешавад.

Иҷрочии мақомоти иҷро на дертар аз рӯзи пас аз рӯзи қабули қарор дар бораи баргардонидани ҳуҷҷати иҷро нусхаи онро бо ҳуҷҷати иҷро ба ситонанда, суд, мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдоре, ки ҳуҷҷати иҷроро додааст, мефиристад.

Пешниҳод намудани ҳуҷҷати иҷро дар муҳлати муқарраргардида, барои дубора фиристонидани ҳуҷҷати иҷро ба иҷрочии мақомоти иҷро баъди бартараф намудани камбудиҳо монеъ шуда наметавонад.

Ҳуҷҷати иҷро, ки бе бартараф намудани камбудиҳои дар қарор оид ба баргардонидани он нишон додашуда ворид гардидааст, иҷро карда намешавад ва дар асоси талаботи қонун ба ситонанда, суд, мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдоре, ки онро равон кардааст, баргардонида мешавад.

Ҳангоми нисбати як қарздор оғоз намудани якчанд истеҳсолоти иҷро, иҷрочии мақомоти иҷро онҳоро дар истеҳсолоти иҷрои маҷмуӣ якҷо менамояд.

Дар ҳолати нисбати як қарздор оғоз гардидани истеҳсолоти иҷро:

– аз ҷониби якчанд иҷрочиёни мақомоти иҷро дар ҳудуди як вилоят, истеҳсолоти иҷрои маҷмуӣ аз рӯи онҳо дар маҳалли иҷрои ҳуҷҷати иҷро ё охирин маҳалли маълумбудаи истиқомати (маҳалли ҷойгиршавии) қарздор ва ё маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ӯ, ки аз ҷониби сардорони раёсатҳои иҷрои вилоятҳо ва шуъбаи иҷро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муайян гардидааст, пеш бурда мешавад;

– аз ҷониби якчанд иҷрочиёни мақомоти иҷро дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоятҳо, ноҳияҳои шаҳри Душанбе ё шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, истеҳсолоти иҷрои маҷмуӣ аз рӯи онҳо дар маҳалли иҷрои ҳуҷҷати иҷро ё охирин маҳалли маълумбудаи истиқомати (маҳалли ҷойгиршавии) қарздор ва ё маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ӯ, ки аз ҷониби роҳбари мақомоти иҷро муайян гардидааст, пеш бурда мешавад.

Маводи истеҳсолоти иҷро оид ба иҷрои маҷбурии ҳуҷҷатҳои иҷрои дорои талаботи хусусияти молумулкӣ, ки дар истеҳсолоти иҷрои маҷмуӣ якҷо карда шудаанд, тибқи талаботи қонун ба иҷрочии мақомоти иҷро, ки истеҳсолоти иҷрои маҷмӯиро пеш мебарад, дар асоси қарори иҷрочии калони мақомоти иҷро супорида шуда, нусхаи он ба тарафҳои истеҳсолоти иҷро равон карда мешавад.

Дар мавридҳои зарурии иҷро намудани амалҳои иҷро дар ҳудуде, ки ваколати иҷрочии мақомоти иҷрои пешбарандаи истеҳсолоти иҷрои маҷмуӣ дар ин ҷо паҳн намегардад, чунин амалҳо мутобиқи талаботи қонун ба анҷом расонида мешаванд.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.