Дар Ӯзбекистон маъракаи зидди ҳиҷоб ва риш авҷ мегирад

Дар Ӯзбекистон, пас аз қабули тағйирот ба Кодекси одоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва баргузории ҷаласа бо ҳузури сарвазир ва масъулини қудративу ҷамъиятии ин кишвар оид ба коҳиши ифротгароӣ дар ҷомеа, мубориза бо ришу ҳиҷоб авҷ гирифтааст. Дар ин бора Радиои Озодлик (Радиои Озодӣ) ҳабар медиҳад. Ин расона менависад, ки хонандагонаш бо ирсоли навору аксҳо аз […]

Asia-Plus

Дар Ӯзбекистон, пас аз қабули тағйирот ба Кодекси одоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва баргузории ҷаласа бо ҳузури сарвазир ва масъулини қудративу ҷамъиятии ин кишвар оид ба коҳиши ифротгароӣ дар ҷомеа, мубориза бо ришу ҳиҷоб авҷ гирифтааст. Дар ин бора Радиои Озодлик (Радиои Озодӣ) ҳабар медиҳад.

Ин расона менависад, ки хонандагонаш бо ирсоли навору аксҳо аз “рейд”-ҳои мақомот барои нагузоштани ришу ба бар накардани ҳиҷоб шикоят кардаанд. Донишҷӯён шикоят кардаанд, ки онҳоро барои бадар кардани ҳиҷоб маҷбур кардаанд.

“Донишҷӯдухтарон, ки аз иҷрои чунин талабот саркашӣ мекунанд, ба муассисаи таълимӣ роҳ дода намешаванд”, – менависад ин расона.

Радиои Озодлик менависад, ки манъи пӯшидани ҳиҷоб миёни донишҷӯён дар манотиқи дигари Ӯзбекистон низ мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, аз вилоятҳои Бухорову Андиҷон низ ба ин расона шикоят ворид шудааст.

Бояд зикр кард, ки тибқи таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ” шаҳрвандони ин кишвар, ба истиснои онҳое, ки дар ташкилоти динӣ кор мекунанд, ҳақ надоранд либоси динӣ пӯшанд.

Муфтӣ: “Зиёдаравӣ мекунем”

Ҳафтаи гузашта Нуриддин Холиқназаров, муфтии Ӯзбекистон дар намози ҷумъа гуфт, Ислом аз зан талаб накардааст, ки рӯяшро пурра пӯшонад ё либоси сиёҳ ба бар кунад.

“Мо дар иҷрои фарҳанги пӯшидани либоси мазҳабӣ аз ҳад зиёд кӯшидаем. Мазҳаби мо ба занон амр намекунад, ки рӯяшонро пӯшонанд. Дар дини мо зебоӣ ва дурӣ ҷустан аз зиёдаравӣ тавсия шудааст”, – изҳор дошт муфтии Ӯзбекистон.

Ӯ зикр карда буд, ки дар Ислом талаб нашудааст, ки мусулмонон бояд либоси муайян дошта бошанд.

Қабл аз ин, 13-уми сентябр, ба навиштаи Радиои Озодлик, садои азон дар масҷидҳои Ӯзбекистон пасттар карда шуд.

Ин расона ҳамчунин навишт, ки “дар ҷаласаи ғайринавбатии ҳукумат, ки рӯзи 10-уми сентябр баргузор шуд, нахуствазир Абдулла Арипов ходимони давлатиро аз оқибатҳои зиёрати масҷидҳо “ҳушдор” додааст”. Дафтари матбуоти ҳукумати Ӯзбекистон баргузории ҷаласаро тасдиқ карда, аммо “аз мансабдорон талаб кардани интихоби дин ё хидмати давлатӣ”-ро рад кардааст.

Ваъдаи Шавкат Мирзиёев ва талаби кӯмак аз Саида Мирзиёева

Ин ҳама маъракаи зидди ҳиҷобу риш дар ҳолест, ки чанд сол пеш, Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон гуфта буд, ки “дар Ӯзбекистон ҳеҷ кас ба пӯшидани рӯймол мухолифат намекунад”.

Он замон Шавкат Мирзиёев амали раиси вақти вилояти Фарғонаро дар робита ба тундгӯияш оид ба пӯшидани рӯймол танқид карда буд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар Ӯзбекистон, замони раёсати Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини ин кишвар, мубориза бо ҳар гуна унсурҳои динӣ бо баҳонаи маҳви ифротгароӣ дар авҷ буд ва солҳои тӯлонӣ идома кард. Бо ин баҳона, ҳазорон нафар зиндониву шиканҷа шуданд ва чанд нафари дигар тарки кишвар карданд. Вазъ замоне каме тағйир ёфт, ки Ислом Каримов вафот кард ва зимоми қудратро Шакат Мирзиёев ба даст гирифт. Раиси ҷумҳури тоза дар баромадҳои худ ба мардум ваъдаи озодии эътиқод дод ва то ҷое тавонист назорат аз болои диндоронро коҳиш диҳад. Ҳамчунин, чандин нафарро, ки қаблан бо ҷурмҳои марбут ба эътиқод зиндонӣ шуда буданд, раҳо кард.

Бо гузашти 7 сол аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев, чунин ба назар мерасад, ки ин ҳама озодиҳои додашуда, ба оҳистагӣ маҳдуд мешаванд.

Сокинони ин кишвар бошад, ҳамеша ваъдаи додаи Шавкат Мирзиёевро такрор карда, аз мақомот талаби ҳуқуқи худ мекунанд. Дар ҳолатҳои алоҳида, сокинон, махсусан бонувон ба духтари раисиҷумҳур Саида Мирзиёева муроҷиат карда, ҳалли мушкили худро талаб менамоянд.

Аз ҷумла, дар робита ба маъракаи зидди ҳиҷоб низ як донишҷӯи бахши сеюми Донишкадаи муҳандисӣ-технологии Бухоро ба Саида Мирзиёева муроҷиат карда, аз ӯ хост, барои ҳимояи ҳуқуқҳояш мусоидат кунад.

Аммо то ҳол, на мақомоти расмии Ӯзбекистон ва на раиси ҷумҳури духтари мушовираш мавқеи худро доир ба ҳодисаҳои ахир ошкор накардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.