Дар Душанбе ронандаи «Toyota» дар роҳи пиёдагард мошинронӣ кард

Ронандаи 30-солаи автомашинаи навъи Toyota, сокини Душанбе Умар Саъдуллоев барои варойн кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ метавонад ҷарима шавад, хабар медиҳад Раёсати ВКД-и пойтахт. Ин ҳолати риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ рӯзи 2-юми октябр рух дода, пас аз ирсоли сабти видеоии он аз ҷониби як шаҳрванд баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Дар навори видеоӣ […]

Ронандаи 30-солаи автомашинаи навъи Toyota, сокини Душанбе Умар Саъдуллоев барои варойн кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ метавонад ҷарима шавад, хабар медиҳад Раёсати ВКД-и пойтахт.

Ин ҳолати риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ рӯзи 2-юми октябр рух дода, пас аз ирсоли сабти видеоии он аз ҷониби як шаҳрванд баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овард.

Дар навори видеоӣ дида мешавад, ки Саъдуллоев ҳангоми идораи воситаи нақлиёт дар кӯчаи Н.Қарабоев бо мошини худ худ сафолакҳои ороишии роҳи пиёдагардро зер намуда, аз ҷойи номуайяншуда роҳро убур ва қоидаҳои ҳаракатро дағалона вайрон кардааст.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Умар Саъдуллоев тибқи талаботи моддаи 346 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ҷиҳати чораандешӣ ба мақомоти ваколатдор ирсол карда шуд.

Ронандаи автомашина барои ин қонуншиканиаш дар ҳаҷми аз 1 то 2 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда 68 сомонӣ, яъне 136 сомонӣ) ҷарима шуда метавонад.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз афзоиши ҳодисаҳои садамаи нақлиёт дар кишвар изҳори нигаронӣ мекунад.

Дар нимсолаи аввал 161 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, дар ин ҳодисаҳо 171 нафар осеб дидаву 101 нафар ҳалок шудаанд. Ин нисбат ба соли гузашта зиёд буда, сатҳи садама 31%, теъдоди ҳалокшудагон – 35% ва осебдидагон – 43% зиёд шудааст.

Дар маълумоти Вазорат зикр мешавад, ки омилҳои ин мушкилот гуногун аст, аз қабили суръати баланди ҳаракат, риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, истифодаи телефонҳои мобилӣ ҳангоми ҳаракат ва ғайра.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.