Кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон

Субҳи имрӯз, 18-уми октябр корвони мошинҳои ҳомили кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз зилзила зарардидаи Ҳироти Афғонистон ба роҳ баромад. Тибқи иттилои дастрасгардида, корвони мазкур аз 130 мошини боркаш иборат буда, дар умум 3200 тонна кумаки башардӯстонаро ба Афғонистон мерасонад. Кӯмаки башардӯстона аз маводи хӯрокворӣ, либосу пойафзоли зимистона, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, рахти хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 18-уми октябр корвони мошинҳои ҳомили кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз зилзила зарардидаи Ҳироти Афғонистон ба роҳ баромад.

Тибқи иттилои дастрасгардида, корвони мазкур аз 130 мошини боркаш иборат буда, дар умум 3200 тонна кумаки башардӯстонаро ба Афғонистон мерасонад.

Кӯмаки башардӯстона аз маводи хӯрокворӣ, либосу пойафзоли зимистона, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, рахти хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар ашёи зарурӣ иборат буда, дар умум 27 номгӯйро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, 200 тонна орд, 50 тонна қанд, 20 ҳазор литр равғани растанӣ, 20 тонна ярмаи ҷав, 20 тонна нахӯд, 20 тонна биринҷ фиристода шуд.

Кӯмаки башардӯстона дар пайи заминларзаи 7-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Ҳироти Афғонистон фиристода мешавад, ки дар пайи он беш аз 2000 нафар ҷон бохта ва наздики 10 ҳазор нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

СММ мегӯяд, барои эҳёи Афғонистон пас аз заминларза беш аз 93 миллион доллар лозим аст.

Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба талафоти зиёд ва харобиҳои зиёд ба мардуми Афғонистон изҳори ҳамдардӣ карда буд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.