Дар Қирғизистон вакили пешини парлумонро барои омода кардани маводи мухаддир боздошт кардаанд

Як вакили Жогорку Кенеш – парлумони Қирғизистон бо гумони “Бо ҳадафи фурӯш ғайриқонунӣ омода кардани маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва ба он монанд” боздошт гардидааст. Тавре расонаҳои Қирғизистон хабар медиҳанд, вакили пешини порлумони он кишвар Жанибек Бакчиев ҳанӯз 25 октябр боздошт шудааст, аммо мақомоти додгоҳии Қирғизистон танҳо рӯзи 14 ноябр ин иттилоъро тасдиқ кардаанд. Гуфта […]

Asia-Plus

Як вакили Жогорку Кенеш – парлумони Қирғизистон бо гумони “Бо ҳадафи фурӯш ғайриқонунӣ омода кардани маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва ба он монанд” боздошт гардидааст.

Тавре расонаҳои Қирғизистон хабар медиҳанд, вакили пешини порлумони он кишвар Жанибек Бакчиев ҳанӯз 25 октябр боздошт шудааст, аммо мақомоти додгоҳии Қирғизистон танҳо рӯзи 14 ноябр ин иттилоъро тасдиқ кардаанд.

Гуфта мешавад, ки Жанибек Бакчиевро додгоҳ бо гумони “Бо ҳадафи фурӯш ғайриқонунӣ омода кардани маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва ба он монанд” ба ҳабс гирифтааст.

Бояд зикр кард, ки Жанибек Бакчиеви 56-сола аз ҷиноҳи “Бир Бол” вакили порлумони Қирғизистон буд. Пеш аз вакилӣ ва дар мақомоти ҳокимияти иҷроияи Қирғизистон низ кор кардааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.