Ӯзбекистон ҳам ҳавопаймои бесарнишини ҷангии “Bayraktar” харидорӣ кардааст

Хадамоти матбуотии президенти Ӯзбекистон хабар дод, ки Шавкат Мирзиёев ҳангоми боздид аз техникаҳои низомӣ “аҳамияти истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ё худ дронҳоро зикр карда, бо мутахассисон масъалаи истеҳсоли онҳоро баррасӣ кардааст”. Ҳамчунин Шавкат Мирзиёев ҳисоботи масъулин дар бораи корҳои анҷомшуда барои баланд бардоштани тавонмандии артиши Ӯзбекистон, омодагии ҳайати шахсӣ, идораву нигоҳдории низомҳои муосири таслиҳотӣ ва ҳавопаймоҳои […]

Asia-Plus

Хадамоти матбуотии президенти Ӯзбекистон хабар дод, ки Шавкат Мирзиёев ҳангоми боздид аз техникаҳои низомӣ “аҳамияти истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ё худ дронҳоро зикр карда, бо мутахассисон масъалаи истеҳсоли онҳоро баррасӣ кардааст”.

Ҳамчунин Шавкат Мирзиёев ҳисоботи масъулин дар бораи корҳои анҷомшуда барои баланд бардоштани тавонмандии артиши Ӯзбекистон, омодагии ҳайати шахсӣ, идораву нигоҳдории низомҳои муосири таслиҳотӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишинро шунидааст.

Ба Мирзиёев ҳавопаймои бесарнишини ҷангии “Bayraktar TB2”, ки аз Туркия харидорӣ шудааст, намоиш додаанд.

Бояд гуфт, ки Ӯзбекистон ягона кишвари Осиёи Марказӣ нест, ки аз Туркия ҳавопаймои бесарнишин харидорӣ кардааст. Пештар аз ин, дар пасманзари низои марзӣ бо Тоҷикистон Қирғизистон ҳам аз харидории ҳавопаймои бесарнишини ҷангии “Bayraktar TB2” хабар дода буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.