Мушкили пур кардани ҳисоби корти нақлиётӣ. Дар CityCard мегӯянд, давоми 30 дақиқа терминалро таъмир мекунем

Чанде аз сокинони шаҳри Душанбе аз носозӣ дар кори терминалҳои лоиҳаи CityCard шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, дастрас кардани корт ва пур кардани ҳисоби он ҳамоно барои истифодабарандагони нақлиёти ҷамъиятӣ мушкил боқӣ мемонад. Намояндагони ширкат бошад, мушкилро техникӣ ва зуд бартарафшанаванда арзёбӣ карданд. Айни ҳол дар пойтахти кишвар зиёда аз 500 адад терминалҳои “Express Pay”-и лоиҳаи […]

Меҳрангез Султонзода, махсус барои Asia-Plus

Чанде аз сокинони шаҳри Душанбе аз носозӣ дар кори терминалҳои лоиҳаи CityCard шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, дастрас кардани корт ва пур кардани ҳисоби он ҳамоно барои истифодабарандагони нақлиёти ҷамъиятӣ мушкил боқӣ мемонад. Намояндагони ширкат бошад, мушкилро техникӣ ва зуд бартарафшанаванда арзёбӣ карданд.

Айни ҳол дар пойтахти кишвар зиёда аз 500 адад терминалҳои “Express Pay”-и лоиҳаи лоиҳаи CityCard мавҷуд аст, ки аз ин 74 адад барои дастрас намудани корти нақлиётӣ ва беш аз 250 адад барои пур намудани тавозуни он пешбинӣ гардидааст.

Чанде аз сокинон шикоят карданд, ки терминалҳои мазкур дуруст ва мунтазам кор намекунад.

“Баъзе терминалҳо кортро қабул намекунанд, баъзеи дигар қабул мекунанду барнамегардонанд”, – мегӯянд сокинон.

Мушкилоти мазкур ҳаракати сокинонро тавассути нақлиёти ҷамъиятӣ душвор кардааст. Зеро ҳангоми бидуни корт ворид шудан ба нақлиёти ҷамъиятӣ назоратчиёни CityCard метавонанд мусофиронро аз нақлиёт фароранд. Ҳатто метавонан умуман ба он роҳ надиҳанд.

“Ронандаҳои троллейбусу автобусҳо пули нақд қабул мекунанд, вале назоратчиён баъзеро, на ҳамаро, маҷбур мекунанд, ки аз нақлиёт фароянд. Худи назоратчиён ҷавонҳоянд ва онҳоеро мефароранд, ки зӯрашон мерасад” – мегӯяд донишҷӯи ДМТ Идибек Шарипов.

Аммо дар идораи лоиҳаи CityCard қайд намуданд, ки тамоми терминалҳои ҳудуди шаҳри Душанбе дар ҳолати корӣ қарор доранд.

“Дар умум, ҳамаи терминалҳо коршояманд. Вале, албатта ин техника аст ва кораш аз ин ё он омил вобастагӣ дорад. Вазъиятҳое мешаванд, ки дар ҳақиқат терминалҳо кор намекунанд. Сабабаш бошад, дар ғайримақсаднок истифода шудани онҳо аз ҷониби баъзе шаҳрвандон аст. Масалан, шудаанд ҳолатҳое, ки терминал танҳо барои пур кардани ҳисоби корти нақлиётӣ пешбинӣ шудааст, вале сокинон ба он кортҳои бонкӣ ва ё дигар кортҳои пластикиро ворид кардаанд” – қайд намуд дар суҳбат бо “Азия-плюс” муовини роҳбари лоиҳаи CityCard Садриддин Зиёваддинов.

Сабабҳои дигари корношоям шудани терминалҳоро муовини роҳбари лоиҳа дар муваққатан набудани барқ ва ё интернет медонад.

Ба гуфти Зиёваддинов, терминалҳо ба гурӯҳҳои бригадаҳои техникӣ вобастаанд ва ҳангоми корношоям шудани терминале ба бригада ба таври автоматӣ SMS-паёмак меравад. Гурӯҳи корӣ бояд дар муддати 30 дақиқа нуқсонро бартараф намуда, терминалро ба ҳолати корӣ баргардонад.

Ин дар ҳолест, ки сокинон мегӯянд, баъзе терминалҳо чанд рӯзу ҳафта ва ҳатто моҳ вайрон меистанд.

Як санҷиши сарироҳии “Азия-Плюс” нишон дод, ки чандин терминалҳо дар шаҳр кор намекунанд. Аз истгоҳи “Гулгашти Ҳофизи Шерозӣ” то истгоҳи “ТВ Сафина” аз ҳар ду ҷониби роҳ 6 адад терминалҳои Express Pay, ки барои пур кардани ҳисоби корти нақлиётӣ пешбинӣ шудаанд, насб гардидааст. Аз ин 6 адад, 4-тоаш кор намекарданд. 2 терминале, ки кор мекарданд, дар назди истгоҳи “ТВ Сафина” буданд.

Дар истгоҳи “Боғи ҳайвонот” бошад, 2 терминал насб шудааст, ки якеаш кор намекунаду дуюмаш кортро қабул намекунад. Дар ҷониби дигари ҳамин роҳ – истгоҳи “Боғи Кӯли ҷавонон” терминал барои пур кардани тавозуни корти нақлиётӣ нест. Ҳол он ки ин мавзеъ яке аз маконҳои серодам аст.

“Хуб мешуд, ки масъулон дурустии кори терминалҳоро пайваста санҷиш намоянд ва баъд аз сокинон талаби истифодаи кортро кунанд”, – пешниҳод намуд Идибек Шарипов.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.