СААД ба тамринҳои худ дар Осиё Марказӣ таваҷҷуҳи бештар мекунад

Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) соли 2024 таваҷҷуҳи худро ба баргузории тамринҳои низомӣ дар Осиёи Марказӣ бештар хоҳад кард. Дар ин бора Анатолий Сидоров, сардори Ситоди кулли СПАД зимни як нишасти хабарӣ изҳори назар кард. Ба гуфтаи Сидоров, соли оянда дар Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон баргузории тамринҳои низомӣ дар назар аст. “Аз ҷумла мо нақша […]

centralasian.org

Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) соли 2024 таваҷҷуҳи худро ба баргузории тамринҳои низомӣ дар Осиёи Марказӣ бештар хоҳад кард.

Дар ин бора Анатолий Сидоров, сардори Ситоди кулли СПАД зимни як нишасти хабарӣ изҳори назар кард.

Ба гуфтаи Сидоров, соли оянда дар Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон баргузории тамринҳои низомӣ дар назар аст.

“Аз ҷумла мо нақша дорем, ки дар Қирғизистон бо нерӯҳои дастҷамъонаи вокуниши сареи СПАД, дар Қазоқистон бо нерӯҳои посдори сулҳ ва дар Тоҷикистон бо нерӯҳои дастаҷамъии минтақаи Осиёи Марказӣ тамринҳои низомӣ баргузор кунем”, – гуфтааст сардори ситоди куллии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ.

Анатолий Сидоров гуфтааст, дар бораи макони баргузории ин машқҳо суҳбат кардан ҳанӯз барвақт аст.

Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ як созмони низомии зери нуфузи Маскав аст, ки ба ҷуз аз Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аъзои он ҳастанд. Ин созмонро ҳамеша барои нотавонии пешгирӣ аз муноқиша байни аъзои худ ва ҳимояти манофеи онҳо танқид мекунанд.

Мавҷи танқидҳо бахусус замони даргирӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ва муноқишаҳои байни Озарбойҷону Арманистон мушоҳида мешавад. Нахуствазири Арманистон Никол Пашинян борҳо аз кори СПАД норозигӣ кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.