Даъвати як блогери тоҷик ба мақомот барои “ҷамъоварии пул бо шамшер”

Манижа Назарова (Манижаи Умедулло), як блогнависи тоҷик, ки чанде пеш навори дар тӯй бо шамшер пул ҷамъоварӣ карданаш паҳн гардид, ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим “барои сӯҳбат” даъват гардида, ба ӯ огоҳӣ дода шудааст. Дар навори паҳнгардида дида мешуд, ки Манижа Назарова дар маросими хонадоршавии яке аз пайвандонаш бо истифода аз “усулҳои […]

Asia-Plus

Манижа Назарова (Манижаи Умедулло), як блогнависи тоҷик, ки чанде пеш навори дар тӯй бо шамшер пул ҷамъоварӣ карданаш паҳн гардид, ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим “барои сӯҳбат” даъват гардида, ба ӯ огоҳӣ дода шудааст.

Дар навори паҳнгардида дида мешуд, ки Манижа Назарова дар маросими хонадоршавии яке аз пайвандонаш бо истифода аз “усулҳои барои фарҳанги тоҷикон бегона”, яъне шамшерро дар паҳлӯи дар гузошта, аз иштирокдорони маросим маблағ меситонад. Баъдтар ин навор пок гардид.

Бояд гуфт, ки ин одат миёни халқҳои минтақаи Қафқози Русия маъмул аст.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки дар робита ба ин рӯзи 27-уми ноябр Манижа Назароваро барои “суҳбат ба мақоми ваколатдор даъват намуданд”.

“Ба Манижа Назарова барои риоя накардани талаботи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, тибқи моддаи 13, қисми 3 огоҳӣ дода шуд”, – гуфт Афшини Муқим.

Тибқи ин банди қонун дар ҷашну маросим пошидан ва часпондани пул манъ аст.

Аммо дар робита ба баҳсҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба истифодаи шамшер ва тақлид ба фарҳанги бегона ҷӯш зад, дар ин Кумита таъкид карданд, ки барои ин кирдор қонун муҷозотеро пешбинӣ накардааст.

Худи Манижа Назарова низ дар як навор гуфт, аз кирдори худ сидқан пушаймон аст ва ба дигарон низ маслиҳат намедиҳад, ки чунин кирдори барои мардуми тоҷик бегонаро ҳангоми доир намудани ҷашну маъракаҳо такрор кунанд.

Аммо кӯшишҳои мо барои тамос бо блогнавис барои дастрас кардани назараш бесамар анҷомид.

Ин маротибаи аввал нест, ки номи Манижа Назарова дар расонаҳо ёд мешавад. Қаблан номи ӯ ҳадди ақал ду маротиба дар хабарҳои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зикр шуда буд.

Маротибаи аввал рӯзи 3-юми декабр ӯ ба ВКД шикоят карда буд, ки ҷавоне ӯро озор додааст. Дар робита ба ин, кормандони полиси пойтахт як ҷавонро боздошт ва “барои амалҳои бадахлоқона” ба муддати панҷ рӯз ҳабс карданд.

Маротибаи дуюм худи Манижа Назарова барои “содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ – таҳқир дар ҷои ҷамъиятӣ ва майда-авбошӣ” айбдор ва 420 сомонӣ ҷарима гардид. Аксҳои ӯ дар саҳифаи мақомоти корҳои дохила нашр гардид.

Баъдан Манижа Назарова рӯзи 5-уми декабри соли 2021 ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки маъмурони пулис ӯро дар ҷойи кораш бо роҳи фиреб аксбардорӣ кардаанд.

Бояд гуфт, ки вақтҳои охир боздошт ва ҷаримаи блогнависон дар Тоҷикистон зиёд шудааст. Пештар аз ин, мақомоти тоҷикитон чандин блогнависи дигарро бо баҳонаҳои гуногун боздошту ҷарима карда буданд. Баъзеи онҳо ҳатто барои чанд рӯз ҳабс гардидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио