Гӯштингирони тоҷик дар Туркманистон 4 нишон ба даст оварданд

Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон мусобиқоти қаҳрамонии кураши ҷаҳон баргузор гардид, ки дар он гуштингирони тоҷик соҳиби 4 нишони бириҷӣ шуданд. Дар ин мусобиқот, ки аз 23 то 28-уми ноябр бо иштироки варзишгарони беш аз 50 давлат баргузор гардид, Тоҷикистонро 7 варзишгар намояндагӣ намуд. Аз миёни 7 варзишгари тоҷик 4 нафари он Муслимбек Каримов дар вазни […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон мусобиқоти қаҳрамонии кураши ҷаҳон баргузор гардид, ки дар он гуштингирони тоҷик соҳиби 4 нишони бириҷӣ шуданд.

Дар ин мусобиқот, ки аз 23 то 28-уми ноябр бо иштироки варзишгарони беш аз 50 давлат баргузор гардид, Тоҷикистонро 7 варзишгар намояндагӣ намуд.

Аз миёни 7 варзишгари тоҷик 4 нафари он Муслимбек Каримов дар вазни то 60 кг, Хайрандеш Муродзода дар вазни то 66 кг, Фирдавс Насимов дар вазни то 100 кг ва Хуршед Маҷидов дар вазни +100 кг ба гирифтани медали биринҷӣ сазовор шуданд.

Дар миёни кишварҳо мунтахаби Тоҷикистон бо касби чаҳор медали биринҷӣ ҷойи ҳаштумро касб кард.

Аз рӯи сифати медалҳо варзишгарони Ӯзбекистон бо касби 9 медал (7 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷои аввалро соҳиб шуданд.

Кишвари мизбони Туркманистон бо касби 15 медал (5 тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ) соҳиби мақоми дуюм шуда, аз рӯи теъдоди умумии медалҳо бошад ҷои аввалро касб кард.

Зинаи сеюмро мунтахаби Қазоқистон бо касби 6 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) ишғол намуд.

Бояд гуфт, ки кураш гуштини камарбандии суннатии мардуми Осиёи Марказӣ мебошад.

Ин тарзи гуштин дар Тоҷикистон низ рушд намуда, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио