Медалҳои тилло ва биринҷии шоҳмотбозони навраси тоҷик дар Дубай

Шоҳмотбозони навраси тоҷик аз мусобиқаи байнулмилалии Juniors Chess Tournament, ки дар Дубай (Амороти Муттаҳидаи Араб) баргузор шуд, бо дастовези арзанда баргаштанд. Аниса Гуляева байни иштирокчиёни синни то 9-сола ба дарёфти медали тиллои мусобиқа ва Назар Ғафуров миёни бозингарони синни то 15-сола – медали биринҷӣ шарафёб гардиданд. Бино ба маълумоти Sino Chess Academy, дар ин мусобиқа […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Шоҳмотбозони навраси тоҷик аз мусобиқаи байнулмилалии Juniors Chess Tournament, ки дар Дубай (Амороти Муттаҳидаи Араб) баргузор шуд, бо дастовези арзанда баргаштанд.

Аниса Гуляева байни иштирокчиёни синни то 9-сола ба дарёфти медали тиллои мусобиқа ва Назар Ғафуров миёни бозингарони синни то 15-сола – медали биринҷӣ шарафёб гардиданд.

Бино ба маълумоти Sino Chess Academy, дар ин мусобиқа зиёда аз 60 нафар шоҳмотбозон аз 10 кишвари дунё ширкат варзиданд.

Ҷамъомади тамринӣ барои шоҳмотбозони навраси тоҷик дар филиали Sino Chess Academy дар Дубай доир гардид.  Пеш аз оғози мусобиқаи Juniors Chess Tournament  9 шоҳмотбози боистеъдод – Ансар Қобилов, Муҳаммадаюб Тоҳирзода, Хусрав ва Мурод Асадуллозода, Назар Ғафуров, Умар Воҳидов, София ва Аниса Гуляеваҳо таҳти роҳбарии гроссмейстер Фаррух Амонатов машқу тамрин гирифтанд.

Тавре ки қаблан зикр гардида буд, қаҳрамони Тоҷикистон оид ба шоҳмот ва довари Федератсияи байнулмилалии шоҳмот (ФИДЕ), муассиси Sino Chess Academy Сино Ҳотамӣ соли 2022 бо дастаи шоҳмоти Амороти Муттаҳидаи Араб созишнома ба имзо расонид.

Дар доираи ин созишнома дар Дубай филиали Академия боз шуд. Ояндаи наздик имзои қарордод байни Sino Chess Academy ва Dubai Chess Club дар назар аст.

Тарбиятгирандагони маркази шоҳмот дар Душанбе, ки дар он аз синни 4-солагӣ ба омодагии касбии шоҳмот машғул мешаванд, имкон пайдо мекунанд, ки дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ дар Дубай иштирок карда, беҳтарини онҳо таҳти сарпарастӣ гирифта шаванд.

Айни замон дар Sino Chess Academy дар Душанбе зиёда аз 40 нафар шоҳмотбозони наврас тариқи онлайн/оффлайн таълим мегиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.