Ҷӯрабек Муродов: “Соли ҷорӣ поёни ҷангҳо бошаду соли 2024 сулҳ шавад”

Имрӯз, 24-уми декабр, Ҳунарпешаи халқии СССР ва хунёгари маъруфи тоҷик Ҷӯрабек Муродов 81-сола шуд. “Азия-Плюс” дар як тамоси телефонӣ ин овозхони шаҳирро таҳният гуфт ва аз нақшаҳои дар пеш доштааш пурсон шуд. “Бо Худо, бо халқ, бо худ!” Ҷӯрабек Муродов гуфт, зодрӯзи имсоларо дар шаҳри Маскав ҷашн мегирад ва интизор меравад, ки дар ин шаҳр […]

Имрӯз, 24-уми декабр, Ҳунарпешаи халқии СССР ва хунёгари маъруфи тоҷик Ҷӯрабек Муродов 81-сола шуд. “Азия-Плюс” дар як тамоси телефонӣ ин овозхони шаҳирро таҳният гуфт ва аз нақшаҳои дар пеш доштааш пурсон шуд.

“Бо Худо, бо халқ, бо худ!”

Ҷӯрабек Муродов гуфт, зодрӯзи имсоларо дар шаҳри Маскав ҷашн мегирад ва интизор меравад, ки дар ин шаҳр консерт баргузор кунад.

Мавсуф дар мавриди ҷамъбасти боз як соли умр гуфт, “ҳама солу рӯз аз Худо аст, мо бояд онро қадр кунем ва самаранок истифода намоем. Ман Худоро ҳазорон маротиба шукр мегӯям, ки соли хубу бобарор ҳадя кард”.

“Дар зиндагӣ пастиву баландиҳост, ҷамъу тарҳҳост, ки бояд бо онҳо канор оем. Ман дар соли равон дар пайи эҷод будам, бо шогирдон кор мекардам, ба шаҳрҳои гуногун сафарҳо доштам, ба чорабиниҳои гуногун даъват шудам. Дар шаҳри Хуҷанд бо ҷамъи шогирдон консерти олимақом баргузор кардем. Боз ҳам шукр мегӯям, ки дар байни ҷамъият будам, ҳастам ва мемонам. Шиори ман ҳамон аст, ки гуфта будам – бо Худо, бо халқ, бо худ!”, – иброз дошт Ҷӯрабек Муродов.

Хайрбоди дӯсти ҷавониву камолоту пирӣ

Ба қавли Ҷӯрабек Муродов, дарде, ки дар соли 2023 ӯро ранҷуру озурдахотир кард, видоъ бо дӯсти ҷавониву камолоту пирӣ Шералӣ Ҷӯраев буд.

Ӯ гуфт, “бо Шералӣ беш аз 60 сол риштаи дӯстӣ доштем, рафту омад мекардем, дар шодиву ғами якдигар шарик будем, якҷо суруд месохтем ва барои беш аз пеш мустаҳкам кардани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек талош мекардем”.

“Шералӣ ҳунарманди асил ва инсони наҷиб буд ва дӯсти ҷавониву камолоту пирии ман маҳсуб мешуд. Замоне хостанд, ки садои ӯро банданд, аммо натавонистанд, чунки инсонияти ӯ волотар аз овозхонияш буд. Бузурге гуфтааст, “вақте ҳунарманди асил мемирад, ба халқ алам мекунад”. Нагуфтааст, ки халқ афсӯс мехӯрад, таъкид мекунам, гуфтааст, “алам мекунад”. Марги Шералӣ алами ду халқро ба вуҷуд овард”, – иброз дошт Ҷӯрабек Муродов.

Гуфтан ба маврид аст, ки ним асри охир Ҷӯрабек Муродова ва Шералӣ Ҷӯраев рамзи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек буданд ва дар барномаи “Шоми дӯстӣ”-и Тоҷикистону Ӯбекистон соли 2018 бо суруди “Дӯстӣ” заминаи онро мустаҳкамтар карданд.

Шералӣ Ҷӯраев, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистону Ӯзбекистон шаби 4-уми сентябри соли 2023 дар 77-солагӣ дар шаҳри Тошканд аз олам даргузашт ва он рӯз Ҷӯрабек Муродов ба хайрбоди дӯсташ рафт.

Соли сулҳи Ҷӯрабек Муродов

Ҷӯрабек Муродов гуфт, дарди дигаре, ки як соли охир ӯро бениҳоят ранҷуру ғамгин кард, сар задани ҷангҳо дар гӯшаҳои гуногуни дунё буд.

Ин хунёгари маъруф иброз дошт, “ман ҳамеша душмани вожаи ҷанг будам ва ҳатто намехоҳам, ки ин калимаро ба забон орам. Ман ҷанги шаҳрвандиро дидам, ҷанг барои курсӣ гирифтан, барои маҳал буд, на барои миллат. Ва акнун ин ҷангҳои рӯи олам маро афсурдахотир мекунад, ҳолу рӯзи он мардуми ҷангзадаро тасаввур мекунаму ғамгин мешавам”.

“Дуо мекунам, ки соли 2023 соли поёни ҷангҳо бошад ва соли 2024 соли сулҳ, амонӣ ва осоиштагӣ эълон шавад”, – таманно кард Ҷӯрабек Муродов.

Мавсуф ҳамзамон хислатҳои ҳамидаи тоҷиконро тавсиф карда, бо муроҷиат ба ҳама тоҷикистониён гуфт, “бояд беш аз пеш худшинос бошем, тоҷдору тоҷвар монем, ҳамдигарро дастгирӣ кунем ва мисли даҳ панҷаи ба ҳам омада, ба ҳам пайвандему касе моро ҷудо карда натавонад”.

Ёдовар мешавем, ки мо соли гузашта бахшида ба 80-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР Ҷӯрабек Муродов бо мавсуф мусоҳибаи муфассал ороста ва аз 60-мин шаби эҷодиаш гузориш таҳия карда будем.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.