Бозпурсии “Салимбойбача” аз ҷониби мақомоти тафтишотии Ӯзбекистону Қирғизистон

Соҳибкори ӯзбекистонӣ Салим Абдувалиев, маъруф ба “Салимбойбача” дар доираи парвандаи вакили фирории порлумони Қирғизистон Эмил Жамгирчиев бозпурсӣ шудааст. Расонаҳо навиштаанд, ки “Салимбойбача”-ро мақомоти интизомии Ӯзбекистон ва Қирғизистон бозпурсӣ кардаанд. Мансабдори пешини Пулиси молӣ, вакили кунунии порлумони Қирғизистон Эмил Жамгирчиев ва раиси пешини дастгоҳи президенти он кишвар Бахтибек Калмуродов дар гирифтани пора аз соҳибкор барои ҳалли […]

centralasian.org

Соҳибкори ӯзбекистонӣ Салим Абдувалиев, маъруф ба “Салимбойбача” дар доираи парвандаи вакили фирории порлумони Қирғизистон Эмил Жамгирчиев бозпурсӣ шудааст.

Расонаҳо навиштаанд, ки “Салимбойбача”-ро мақомоти интизомии Ӯзбекистон ва Қирғизистон бозпурсӣ кардаанд.

Мансабдори пешини Пулиси молӣ, вакили кунунии порлумони Қирғизистон Эмил Жамгирчиев ва раиси пешини дастгоҳи президенти он кишвар Бахтибек Калмуродов дар гирифтани пора аз соҳибкор барои ҳалли як парвандаи марбут ба қочоқ муттаҳам мешаванд.

Ахиран хабар дода шуд, ки зидди Эмил Жамгирчиев дар Ӯзбекистон ҳам парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Раиси Кумисюни вакилони порлумони Қирғизистон Алишер Эрбоев 10 январ ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар додааст, ки Жамгирчиев дар Ӯзбекистон ба убури ғайриқонунии марз муттаҳам мешавад.

Додситонии кулли Қирғизистон низ бо айби ҳамсон алайҳи Эмил Жамгирчиев парванда боз кардааст. Кумисюни вакилони порлумони Қирғизистон иҷоза дод, ки Эмил Жамгирчиев ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Ҷаласаи комисия рӯзи 9-уми январ пушти дарҳои баста сурат гирифтааст. Пеш аз шуруъи ҷаласа Жамгирчиев гуфт, ки бо айбҳои нисбаташ эъломшуда розӣ нест ва онҳоро таъқиби сиёсӣ меҳисобад.

Баъди тасмими кумисюни вакилон, муфаттишони Додситонии кулли Қирғизистон талош кардаанд, ки даъватнома барои бозпурсиро ба Жамгирчиев супоранд. Вай вориди яке аз утоқҳо шуда, аз ошёнаи дувум ба ҳавлии порлумон ҷаҳида ва аз тафтишот фирор кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.