Ҷузъиёти мулоқоти охири Ятимов ва Ташиев. 15 км хати сарҳад дар Хистеварз низ мувофиқа шуд

Расонаҳои давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷузъиёти мулоқоти охири раисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи хати сарҳади давлатии кишварҳо – Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қамчибек Ташиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, ки рӯзи 12-уми январ дар Ботканд баргузор шуд, нашр карданд. Ятимов ва Тошиев баъди […]

Asia-Plus

Расонаҳои давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷузъиёти мулоқоти охири раисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи хати сарҳади давлатии кишварҳо – Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қамчибек Ташиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, ки рӯзи 12-уми январ дар Ботканд баргузор шуд, нашр карданд.

Ятимов ва Тошиев баъди мулоқоти расмӣ, зимни суҳбат бо чанд расонаи давлатӣ гуфтанд, ки ҳарду ҷониб ба қарорҳои муҳим даст ёфта, боз қариб 15 километри қитъаҳои баҳсии марзи байни Тоҷикистону Қирғизистонро мушаххас карданд.

Аз ҷумла, Саймумин Ятимов гуфт, онҳо масоили асосии усулиро, ки ҳаётан муҳим буд, баррасӣ карданд.

Ба гуфтаи ӯ, ин вобаста ба самтҳои Қулунду, Мақсат, Арқа (ҷониби Қирғизистон-муаллиф), роҳи Хистеварз (ҷониби Тоҷикистон-муаллиф) аст.

“Пиромуни ин масъалаҳо мо ба тавофуқи усулӣ ноил шудем. Мо лоиҳаи протоколро тайёр кардем. Ҳамаи ҷонибҳо пурра розианд. Мо як қадами хеле бузург ба сӯи пеш мегузорем. Мо бо боварӣ супоришҳои роҳбарони ду кишварро иҷро мекунем”, – гуфт Ятимов.

Қамчибек Тошиев низ аз расидан ба тавофуқи усулӣ дар бархе қитъаҳои марз суҳбат кард.

Вай аз ҷумла гуфт, дар масъалаи деҳаи Мақсат, ки қариб 15 километр тӯли марз аст ба тавофуқи усулӣ ноил шуданд ва гуруҳҳои корӣ бояд акнун ин қитъаҳоро аломатгузорӣ кунанд.

Роҳбарони ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар музокироти марзӣ дар бораи чӣ гуна ин тавофуқ сурат гирифт ва мушаххасан кадом қитаъаҳои баҳсӣ маълум карда шуд, иттилои бештар надоданд.

Ин дар ҳолест, ки хатти марз дар минтақаҳои Қулунду, Мақсат, Арқа ва роҳи Хистеварз аз баҳсбарангезтарин қитъаҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор мераванд.

Бояд гуфт, ин мулоқоти аввали Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев дар соли нави 2024 ва ду рӯз баъд аз суханони Ҳакан Фидан, вазири корҳои хориҷии Туркия оид ба имзои созишнома дар бораи сарҳад, аст.

Ҳакан Фидан 10-уми январи соли 2024 пас аз анҷоми сафари дурӯзааш ба Қирғизистон, бо як сафари расмӣ вориди Душанбе шуд ва баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон гуфт, имзои созишнома оид ба марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи март тайид шудааст.

Аммо Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба РИА “Новости” гуфтааст, ки дар мулоқоти Ҳакан Фидан бо президент ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон масъалаи марз баррасӣ нашудааст.

“Дар робита ба изҳороти Ҳакан Фидан дар бораи эҳтимоли имзои созишнома дар бораи марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон махсусан қайд мекунам, ки ин масъала мавзӯи музокироти ӯ бо Президенти Тоҷикистон ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон набуд”, – гуфтааст Шоҳин Самадӣ.

Дар охирин мулоқоти худ, санаи 12-уми декабр дар шаҳри Бодканд Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев иттилоъ доданд, ки то имрӯз 90 дарсади сарҳади давлатӣ байни ду кишвар муайян ва мувофиқа шудааст. Аммо дар мавриди санаи имзои созишнома чизе гуфта нашуд.

Пештар аз ин, рӯзи 11-уми декабри соли 2023, Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон, зимни вохӯрӣ бо сокинони вилояти Ботканд изҳор дошт, ки ҳалли масоили марбут ба сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар арафаи аҷомёбӣ аст ва аз эҳтимол дур нест, ки ин масъала баҳори соли 2024 ба охир расад.

Ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ аз санаи дақиқ ё эҳтимолии имзои созишнома оид ба сарҳад бо Қирғизистон сухан накардааст.

Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан 980 километр аст. Зиёда аз 400 километр баҳснок ҳисобида мешуд. Агар ба назар гирем, ки 90 дарсади хатти сарҳадӣ мувофиқа шудааст, пас хатти боқимондаи марз, ки то ҳол тавсиф нашудааст, тақрибан 98 километрро ташкил медиҳад.

Дар умум, аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.