Тоҷикистонии гумонбар ба нашъаҷаллобӣ дар роҳ ба бозпурсӣ мошини гумрукчиёнро рабуд

Дар Маскав як марди гумонбар ба қочоқи маводи наъшъаовар, мошини кормандони гумрукро дар роҳ рабуд. Онҳо ӯро барои бозпурсӣ мебурданд. Тавре ки РЕН ТВ ва телеграм-каналҳои «112», Mash ва Shot хабар медиҳанд, шоми 11 январ кормандони Хадамоти гумрук дар фурудгоҳи Внуково шаҳрванди Тоҷикистонро, ки маводи нашъаовар интиқол медод, боздошт намуданд. Вақте ки мард ба ҳамкорӣ […]

Дар Маскав як марди гумонбар ба қочоқи маводи наъшъаовар, мошини кормандони гумрукро дар роҳ рабуд. Онҳо ӯро барои бозпурсӣ мебурданд.

Тавре ки РЕН ТВ ва телеграм-каналҳои «112», Mash ва Shot хабар медиҳанд, шоми 11 январ кормандони Хадамоти гумрук дар фурудгоҳи Внуково шаҳрванди Тоҷикистонро, ки маводи нашъаовар интиқол медод, боздошт намуданд.

Вақте ки мард ба ҳамкорӣ бо мақомоти тафтишот розӣ шуда, ваъда мекунад, ки баёнот медиҳад, қарор мекунанд, ки ӯро ба бозпурсӣ баранд.

Аммо дар роҳ ба шуъбаи пулис, вақте ки ронандаи мошини гумрукчиён ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ даромада, аз автомашина берун меравад, боздоштшуда бо завлонаҳо дар даст сари чанбарак нишаста, мошинро мерабояд.

Баъдтар автомашинаро дар гузаргоҳи Бескудниково дарёфтаанд, лекин сари чанбарак ҳеҷ касе набуд.ааст. Мардро дар яке аз зарфи партовгоҳҳо, ки каме дуртар аз ҷойи мошинро гузоштаи ӯ қарор дошт, пайдо кардаанд. Пас аз ин шаҳрванди Тоҷикистонро бори дуюм ба шуъбаи пулис бурдаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.