Тағйироти кадрӣ идома дорад: Раиси шаҳри Левакант аз вазифа озод ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оила таъин шудааст

Бунафша Файзиддинзода, ки то имрӯз раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон буд, аз вазифа озод шудааст. Ба ҷойи ӯ кӣ таъин шудааст, маълум нест. Дар ин бора ду манбаъ аз мақомоти шаҳри Левакант хабар доданд. “Роҳбарони ташкилоту идораҳои шаҳрро соати 15 барои ҷаласа ба ҳукумати шаҳр даъват кардаанд. Ба эҳтимоли зиёд раиси нави шаҳр муаррифӣ мешавад”, […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Бунафша Файзиддинзода, ки то имрӯз раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон буд, аз вазифа озод шудааст. Ба ҷойи ӯ кӣ таъин шудааст, маълум нест.

Дар ин бора ду манбаъ аз мақомоти шаҳри Левакант хабар доданд.

“Роҳбарони ташкилоту идораҳои шаҳрро соати 15 барои ҷаласа ба ҳукумати шаҳр даъват кардаанд. Ба эҳтимоли зиёд раиси нави шаҳр муаррифӣ мешавад”, – гуфт як манбаъ аз мақомоти шаҳри Левакант.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки Бунафша Файзиддинзода дар ин ниҳод ба ҳайри роҳбар муаррифӣ шудааст.

Раиси пешини Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода ба кадом вазифа таъин гардидааст, маълум нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.