Дар Тоҷикистон машқҳои “Рубеж”-и СААД доир мегардад

Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) соли 2024 дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон якчанд чорабиниҳои омодагии муштарак баргузор мекунад. Сардори Ситоди муттаҳидаи СААД генерал-полковник Андрей Сердюков дар брифинг изҳор доштааст, ки дар Қазоқистон баргузории тамринҳои фармондеҳӣ-ситодӣ бо неруҳои ҳомии сулҳи СААД «Нерушимое братство-2024» пешбинӣ мешавад. Ӯ зикр кардааст, ки Созмон ба ҷалби намояндагони мақомоти мудофиа, ташкилотҳои […]

Asia-Plus

Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) соли 2024 дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон якчанд чорабиниҳои омодагии муштарак баргузор мекунад.

Сардори Ситоди муттаҳидаи СААД генерал-полковник Андрей Сердюков дар брифинг изҳор доштааст, ки дар Қазоқистон баргузории тамринҳои фармондеҳӣ-ситодӣ бо неруҳои ҳомии сулҳи СААД «Нерушимое братство-2024» пешбинӣ мешавад. Ӯ зикр кардааст, ки Созмон ба ҷалби намояндагони мақомоти мудофиа, ташкилотҳои заминавии таълимӣ-методӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ бо мақсади омӯзиши мушкилоти муҳими рушди неру ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъонаи СААД идома медиҳад.

“Дар қаламрави Тоҷикистон ҷамъомади фаврӣ бо Фармондеҳии Неруҳои дстаҷамъонаи зудамал дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва тамрини муштарак бо воҳидҳои Неруҳои дастаҷамъонаи зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ “Рубеж-2024” ба нақша гирифта шудааст”, – гуфааст сардори Ситоди муттаҳидаи СААД.

Дар қаламрави Қирғизистон аз ҷумлаи чорабиниҳои асосии омодагии муштарак моҳҳои сентябр-октябр баргузории тамрини фармондеҳӣ-ситодӣ бо Неруҳои дастаҷамъонаи зудамали СААД “Взаимодействие-2024”, тамрини махсуси неру ва воситаҳои “Поиск-2024”, тамрини махсуси неру ва воситаҳои таъминоти моддӣ-техникии воҳидҳои СААД “Эшелон-2024” пешбинӣ шудааст.

“Дар марҳилаҳои фаъоли машқҳо иштироки нозирони кишварҳое, ки аъзои СААД нестанд, созмонҳои байнулмилалӣ, корпусҳои ҳарбӣ-дипломатии муқими Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар назар аст”, – иброз доштааст Сердюков.

Ба гуфтаи ӯ, ба ин тариқ то поёни соли 2024 алгоритми қабул ва иҷрои қарорҳои дастаҷамъӣ дар мавриди истифодаи нерӯ ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъии СААД комилан таҳия шуда, кор барои такмили равобит байни кишварҳо идома хоҳад ёфт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд 7,3% болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2026 пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани соҳибкори Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов