Толибон аксу наворбардорӣ барои расонаҳоро ҳам манъ карданд

Аз ҷамъомадҳои расмӣ ва ғайрирасмии Толибон* аксу навор бардоштан манъ шуд. Дар ин бора дастури намояндаи ин гурӯҳ дар Қандаҳори Афғонистон содир шуда, ба расонаҳо ҳам дастрас гардидааст. Рӯзноманигорону расонаҳо аз ин дастур норозӣ буда, талаб доранд, ки он бозбинӣ шавад. Маркази хабарнигорони Афғонистон, ки нусхаи ин дастурро пайдо кардааст, менависад, Мулло Ширин Охунд, волии […]

Asia-Plus

Аз ҷамъомадҳои расмӣ ва ғайрирасмии Толибон* аксу навор бардоштан манъ шуд. Дар ин бора дастури намояндаи ин гурӯҳ дар Қандаҳори Афғонистон содир шуда, ба расонаҳо ҳам дастрас гардидааст. Рӯзноманигорону расонаҳо аз ин дастур норозӣ буда, талаб доранд, ки он бозбинӣ шавад.

Маркази хабарнигорони Афғонистон, ки нусхаи ин дастурро пайдо кардааст, менависад, Мулло Ширин Охунд, волии тозатаъйини Толибон дар вилояти Қандаҳор, ин дастурро содир кардааст.

Дар ин дастур ба масъулини маҳаллӣ ва низомиёни Қандаҳор гуфта мешавад, ки ба таври қатъӣ аз аксу наворбардорӣ худдорӣ кунанд, “зеро он аз фоида дида, бештар зарар дорад”.

Ӯ дастур додааст, ки пас аз  ин аз ҳама ҷамъомадҳои расмӣ ва ғайрирасмии худ танҳо матн ва садо (аудио) нашр ва дастраси рӯзноманигорон кунанд.

Дар идомаи ин дастури Ширин Охунд зикр шудааст, ки аз рӯзи огоҳии ин нома ҳар кас (шахсони масъул) бояд онро дар дафтари кориаш амалӣ намояд.

Расонаҳои Афғонистон манъи акс ва наворбардорӣ дар нишастҳои расмӣ ва ғайрирасмии Толибонро “амали ғайриқонунӣ ва ниҳоят ақибмонда” медонад.

Акнун чанд рӯз мешавад, ки намояндагони Толибон дар вилояти Қандаҳор бо рӯзноманигорон мусоҳибаи наворӣ намекунанд.

Маркази хабарнигорони Афғонистон ҳам менависад, ки ин дастур боиси афзоиши маҳдудият дар озодии баён, афзоиши худсензура ва хеле кам шудани дастраси ба иттилоот аст.

Маркази хабарнигорони Афғонистон ва расонаҳои ин кишвар аз нав дида баромадани ин дастурро талаб мекунанд.

Ин нахустин маҳдудияти Толибон дар бахши рӯзноманигорӣ дар Афғонистон нест ва сензураи ин гурӯҳ рӯз то рӯз беш мешавад.

Сӯҳбати занон дар радио низ манъ шуд

Ду рӯзи пеш, 25-уми феврал, Абдулрашид Умарӣ, фармондеҳи амниятии Толибон дар Хуст, тамоси духтарону занон бо радиову телевизионҳоро манъ кард. Дигар дар ин вилоят бонувон наметавонанд, ки бо рӯзноманигорон тариқи телефон ҳамсӯҳбат шаванд.

Инчунин, занҳо наметавонанд, ки ба радиову телевизионҳо мактуб нависанд ва дар сурати навиштани мактубу хонда шудани он аз ҷониби рӯзноманигор ҳарду ҷониб ҷазо мегиранд.

Ғайр аз ин, гузоришҳои зиёд дар бораи маҳдуд кардани фаъолияти расонаҳо ва хабарнигорон аз сӯйи ҳукумати Толибон дар дохили Афғонистон мунташир мешавад.

Бар асоси иттилои Созмони пуштибонӣ аз расонаҳои озод дар Афғонистон (NAI), аз замони сари қудрат омадани Толибон дар кишвар фаъолияти 281 расона қатъ шуда, аз 11 ҳазору 858 корманди расонаҳо ҳоло ҳамагӣ 4500 нафари онҳо дар Афғонистон фаъолият доранд.

Ба гуфтаи ин созмон, аз 4000 бонуи рӯзноманигор ва корманди расонаҳо, ки то замони ҳукумати Толибон кор мекарданд, ҳоло ҳамагӣ 1000 нафарашон кор мекунанд.

Аммо Толибон сабаби масдуд шудани ин расонаҳо дар Афғонистон ва бекории хабарнигоронро на маҳдудият дар кори онҳо, балки ба адами пуштибонии молӣ марбут медонад.

Ҳамчунин, Толибон ҳамеша изҳороти рӯзноманигорон ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигоронро рад карда ва гуфтаанд, ки аз фаъолияти расонаҳо ва хабарнигорон бар пояи манофеи миллӣ ва дар чаҳорчӯби шариати исломӣ пуштибонӣ мекунанд.

Илова бар ин, Толибон дар чанд маврид ба боздошт ва латукӯби хабарнигорон муттаҳам шудаанд.

Ҳарчанд ҳукумати Толибон иддаъо дорад, ки ҳеҷ хабарнигорро барои фаъолиятҳои расонаӣ боздошт накардааст, аммо тибқи гузоришҳои бархе аз созмонҳои пуштибон аз расонаҳо, Ромин Расулӣ дар Кобул, Султон Алии Ҷаводӣ дар Дайканд ва Аминуллоҳ Аламӣ дар Форёб дар ҳоли ҳозир дар боздошти Толибон ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки гуруҳи Толибон тобистони соли 2021 бо сарнагун кардани низоми ҷумҳурӣ дар Афғонистон қудратро дар ин кишвар ба даст гирифт, аммо бо гузашти қариб се сол, ҳеҷ як давлате ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.