Акмал Юсуфзода, корманди пешини “УБОП” ба 19 сол ва хешаш ба 12 соли зиндон маҳкум шуданд

Додгоҳи олии Тоҷикистон Акмал Юсуфзода, подполковники пешини Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил (УБОП)-и ВКД-ро ба 19 сол ва Исмоилҷон Шукуров, хеши ӯро ба 12 соли зиндон маҳкум кардааст. Ҳар дуи онҳо ба рабудан ва қатли Исмоил Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон гунаҳкор шудаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба посухи хаттии дафтари […]

Asia-Plus

Додгоҳи олии Тоҷикистон Акмал Юсуфзода, подполковники пешини Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил (УБОП)-и ВКД-ро ба 19 сол ва Исмоилҷон Шукуров, хеши ӯро ба 12 соли зиндон маҳкум кардааст. Ҳар дуи онҳо ба рабудан ва қатли Исмоил Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон гунаҳкор шудаанд.

Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба посухи хаттии дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи ин расона, ҳукми Акмал Юсуфзода ва Исмоилҷон Шукуров 28-уми феврали имсол содир шудааст.

Бояд гуфт, қаблан додситон барои Акмал Юсуфзода аз додгоҳ 20 сол зиндон хоста буд.

“Додрас Юсуфзодаро ба рабудан ва қатли Исмоил Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи тиҷорат гунаҳкор донистааст. Ҳарчанд худаш ва вакили дифоаш гуфтанд, афсар нияти куштани омӯзгорро надошт”, – менависад Радиои Озодӣ.

Ин расона бо такя ба манбаи худ менависад, ки Юсуфзода бар асоси ду банди Кодекси ҷиноӣ одамрабоӣ бо маслиҳати пешакӣ (моддаи 130 қисми 2) ва куштор бо бераҳмии махсус (моддаи 104 қисми 2) гунаҳкор шудааст. Исмоилҷон Шукуров бошад, танҳо ба одамрабоӣ гунаҳкор шудааст.

Вокуниши пайвандони ин ду нафар ва ҳам наздикони омӯзгор Исмоил Раҳмонов ба ҳукми додгоҳ то ин лаҳза дастрас нест. Маълум нест, ки онҳо аз ҳукми додгоҳ то куҷо розианд.

Бояд гуфт, ки дар хусуси рабудани Исмоил Раҳмонов нахуст Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъҳои худ гузориш дода буд.

Баъдтар Додситонии кулли кишвар хабар дод, ки Акмал Юсуфзода шаби 12-уми июни соли 2023, “бо нияти ҷазо додан”, Исмоил Раҳмоновро аз назди қурутобхонаи “Муслим”-и Душанбе рабуда, ба ноҳияи Айнӣ мебарад ва ба дарёи Фон мепартояд. Ҷасади омӯзгор то ҳол пайдо нашудааст. Сабаби ин ҳодиса ба гуфтаи додситон, рашки Юсуфзода аз мукотибаи ҳамсараш бо Исмоил Раҳмонов будааст. Аммо пайвандони омӯзгор гуфтанд, Исмоил Раҳмонов бо ҳамсари Акмал Юсуфзода дар Донишгоҳи тиҷорат танҳо ҳамкор буданд ва миёни онҳо ягон робитаи дигар ҷой надошт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.