Мавзеи нави “Мясокомбинат”: дар кӯчаи Қаҳҳорови Душанбе чӣ сохта мешавад?

Дар лоиҳаҳои пешниҳодшуда оид ба навсозӣ ва ободонии як қатор кӯчаву хиёбон ва микрорайонҳои Душанбе тарҳ ва модели биноҳои навсохти оянда зикр шудааст. Имрӯз бештар дар бораи корҳои сохитмон дар мавзеи ба истилоҳ “Мясокомбинат” дар кӯчаи А.Қаҳҳоров – аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то кӯчаи Ҷанубӣ (Южная) маълумот медиҳем. Лоиҳаи муфассали тарҳрезии кӯча чунин аст. Қаламраве, […]

Asia-Plus

Дар лоиҳаҳои пешниҳодшуда оид ба навсозӣ ва ободонии як қатор кӯчаву хиёбон ва микрорайонҳои Душанбе тарҳ ва модели биноҳои навсохти оянда зикр шудааст.

Имрӯз бештар дар бораи корҳои сохитмон дар мавзеи ба истилоҳ “Мясокомбинат” дар кӯчаи А.Қаҳҳоров – аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то кӯчаи Ҷанубӣ (Южная) маълумот медиҳем.

Лоиҳаи муфассали тарҳрезии кӯча чунин аст.

Қаламраве, ки дар он иншоот сохта мешавад, бо хати сурх ҷудо карда шудааст. Дар сурат он тавре нишон дода шудааст, ки ҳозир ҳамин хел аст. Болотар дар ҳамин сурат тарҳи биноҳои оянда нишон дода шудаанд.

Тавре ки дар нақша дида мешавад, дар қитъа сохтмони 3 пул аз болои дарё ва якчанд пулҳои пиёдагард пешбинӣ шудааст. Дар кӯчаи Абай роҳи ҳалқавии дусатҳа сохта мешавад.

Дар лоиҳа биноҳо аз якчанд маҷмаа иборатанд, ки бо услуби муосир таҳия шуда, ҳар кадоме аз онҳо ҳалқаро ташкил медиҳанд. Яке аз онҳо навиштаҷоти «Fitness» дорад, шояд он толори нави варзишии оянда бошад. Дар гирду атрофи ҳар як маҷмаа ва дар қаламрави дохил майдонҳои сабз мавҷуданд. Мувофиқи нақша, дар қад-қади роҳҳо низ дарахт шинонда мешавад.

Ин лоиҳаҳо аллакай тасдиқ шудаанд. Масъалаи чанд ошёна будани биноҳо айни замон мавриди ҳаллу фасл қарор дорад. Баъдан “Азия-Плюс” дар бораи чанд мактаби кӯдакистон сохта шудан дар ин ҷо маълумот хоҳад дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ