Тарма роҳи Душанбе – Хуҷандро барои чанд соат баст

Субҳи имрӯз, 14-уми март, дар роҳи Душанбе – Хуҷанд тарма фаромад ва боиси баста шудани ин масир гардид. Дар ин бора ширкати IRS хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, дар километри 80 – уми роҳи Душанбе  – Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ду тармаи калон фаромад. “Паҳноии тармаҳо зиёда аз 100 метр ва баландиашон то 6 […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 14-уми март, дар роҳи Душанбе – Хуҷанд тарма фаромад ва боиси баста шудани ин масир гардид. Дар ин бора ширкати IRS хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар километри 80 – уми роҳи Душанбе  – Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ду тармаи калон фаромад.

“Паҳноии тармаҳо зиёда аз 100 метр ва баландиашон то 6 метр буда, барои бартараф намуданашон фавран техникаҳои намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон сафарбар гардиданд”, – навиштааст IRS.

Аз ин лиҳоз, ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд карда шуд.

Бо гузашти чанд соат ширкати IRS боз ҳам дар саҳифаи фейсбуки худ навишт, ки роҳ аз тарма тоза ва боз гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.