Дар Душанбе як зан ба гумони куштани шавҳараш боздошт шуд

Як зани 34-солаи сокини шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар куштор боздошт шуд. Дар ин бора ВКД-и ҷумҳурӣ хабар медиҳад. “Шаби 22 ба 23 март тақрибан соати 2-и шаб зан бо шаваҳараш муноқиша карда, дар ҷараёни ҷанҷол корд мегирад ва ба тарафи чапи қафаси синаи ҳамсари 38-солаи худ бо он зарба мезанад”, – омадааст […]

Asia-Plus

Як зани 34-солаи сокини шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар куштор боздошт шуд. Дар ин бора ВКД-и ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

“Шаби 22 ба 23 март тақрибан соати 2-и шаб зан бо шаваҳараш муноқиша карда, дар ҷараёни ҷанҷол корд мегирад ва ба тарафи чапи қафаси синаи ҳамсари 38-солаи худ бо он зарба мезанад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар натиҷа мард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зикр мегардад, ки нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дар хабари ВКД доир ба сабаби муноқишаи ҳамсарон ва дигар ҷузъиёти ин ҳодиса маълумот дода намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.