Бастрикин нақши Исломовҳоро дар амали террористӣ шарҳ дод

Роҳбари Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин дар машварати марбут ба тадбирҳо оид ба ҳамла изҳор намудааст, ки се гумонбари парвандаи амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” ба иштирокчиёни бевоситаи ҳамла хона ва автомашина додаанд. “Боздоштшудагон дар омодакунии амали террористӣ кумак кардаанд: ҳамлагаронро бо манзили зист, автомашина барои ҳаракат таъмин карда, пулҳоро интиқол додаанд”, – нақл […]

Asia-Plus

Роҳбари Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин дар машварати марбут ба тадбирҳо оид ба ҳамла изҳор намудааст, ки се гумонбари парвандаи амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” ба иштирокчиёни бевоситаи ҳамла хона ва автомашина додаанд.

“Боздоштшудагон дар омодакунии амали террористӣ кумак кардаанд: ҳамлагаронро бо манзили зист, автомашина барои ҳаракат таъмин карда, пулҳоро интиқол додаанд”, – нақл кардааст ӯ.

Шоми рӯзи 25 март Додгоҳи Басманнии шаҳри Маскав боз 3 гумонбари ҳамла ба “Крокус” –  Аминҷон ва Диловар Исломовҳо (ахирӣ соҳиби Renault-и сафед буд, ки террористон бо он омада ва пинҳон шуданӣ буданд), инчунин падари онҳо –  Исмоил Исломовро ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Тибқи фарзияи тафтишот, яке аз ҳабсшудагон – Шамсиддин Фаридунӣ (Фаридуни Шамсиддин) пеш аз моҳи январ Аминҷон Исломов ва то 11 март – Диловар Исломовро “ба ҳайати гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ҷалб кардааст”.

Қаблан додгоҳ чор иштирокчии парванда – Шамсиддини Фаридунӣ, Маҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев ва Саидакрам Раҷабализодаро ба муҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ фиристод. Ба гуфтаи Бастрикин, ин ҷаҳор нафар ба гуноҳи худ иқрор шудаанд. Аз рӯи парвандаи рӯзи 23 март ҳамагӣ 11 нафар боздошт шудаанд.

Дар навори бозпурсии аз ҷониби сардабири RT Маргарита Симонян нашршуда, яке аз боздоштшудагон ба воситаи тарҷумон нақл мекунад, ки 10-12 рӯз пештар дар Telegram ӯ бо шахсе бо номи Абдулло шинос шуда, ба ӯ ва Муҳаммад ном шахсе, ки бо ӯ иқомат доштааст, пешниҳод намудааст, ки мошинро аз хешовандони ӯ харанд. Вақти додани пули мошин онҳо дар шоҳроҳи Дмитрово вохӯрдаанд. Ин автомашинаро мардон мехостаанд, ки ба сифати такси истифода бурда, пул кор кунанд.

Як манбаи огоҳ аз вазъи “РИА Новости” гуфтааст, Диловар Исломов мошинро моҳи феврал фурӯхта, дар ҳамин ҳол, полиси суғуртаи ОСАГО ба он дубора ба расмият дароварда нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки қарибиҳои соати 20:00 (вақти Маскав)-и рӯзи 22 март пеш аз консерти гурӯҳи роки “Пикник” дар толори “Крокус Сити Холл” шахсони номаълум вориди толор шуда, ба тирпаронӣ оғоз намуданд ва биноро оташ заданд. Оташ майдони ҳудуди 13 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, толори консертӣ пурра ба коми оташ рафт ва боми он ба пойин фурӯ рехт.

Бино ба маълумоти ахир дар ин бора, бар асари ин амали террористӣ 139 нафар ҳалок шуда, 182 кас осеб диданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио