Эмомалӣ Раҳмон:” Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон аст”

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ шомгоҳи рӯзи 25 март дар маҷмааи Майдони “Истиқлоли”-и шаҳри Душанбе дар тантанаҳои ҳамоиши наврӯзии – “Корвони шодӣ” иштирок карданд. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, зимни суханронӣ дар ин ҷашн сарвари давлат таъкид дошт, ки Наврӯз аз […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ шомгоҳи рӯзи 25 март дар маҷмааи Майдони “Истиқлоли”-и шаҳри Душанбе дар тантанаҳои ҳамоиши наврӯзии – “Корвони шодӣ” иштирок карданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, зимни суханронӣ дар ин ҷашн сарвари давлат таъкид дошт, ки Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад, ки аз даврони бостон ҳамчун мероси пурарзиши ниёгони некномамон то замони мо расидааст.

Зимни суханронӣ зикр шуд, ки Наврӯз ҷашни сирф табиӣ, рамзи бедории табиат, пайванди ногусастаниву ҷовидонаи инсон бо табиат ва пайки шодиву сурури хурду бузурги мардум мебошад.

“Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне “рӯзи нав” ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст. Халқу миллатҳои зиёди дунё ин ҷашнро қабул намуда, онро бо анъанаҳои хоссаи худ таҷлил мекунанд”, – изҳор намуд президенти мамлакат.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид дошт, ки “мо бояд ҷашнҳои миллӣ, забони модарӣ, таърих ва фарҳангу тамаддуни бостонии худро гиромӣ дорем, онҳоро чун азизтарин сарвати миллӣ ҳифз кунем ва дар шароити ниҳоят мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир неъмати бузургтарини зиндагиамон – истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро бо иттиҳоду сарҷамъӣ ҳимоя намоем”.

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз вазъи ноороми ҷаҳони имрӯза, таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла торафт густариш ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ ва сабабу омилҳои ба онҳо мусоидаткунанда ёдовар шуда, зикр намуд, ки хусусан, ҳодисаи нангину даҳшатноки дар наздикии шаҳри Москва рухдода ҳар яки мо, махсусан, падару модаронро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки ба тарбияи фарзандон эътибори боз ҳам ҷиддӣ диҳем.

Пас аз суханронии табрикии сарвари давлат, барномаи идонаи ҳамоиши наврӯзии “Корвони шодӣ” оғоз гардид, ки дар он ба сурати умум зиёда аз 11 ҳазор нафар иштирок карда, тавонистанд бо ташкили бахшҳои мухталиф ҳамаи анъанаҳои ҷашни бостонии миллати куҳантамаддуни тоҷикро намоиш диҳанд.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳозиринро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфта, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва таҳиягарон, ҳунармандону ҳаваскорон барои дар сатҳи хеле баланду пурмуҳтаво барпо намудани ҳамоиши наврӯзии “Корвони шодӣ” арзи сипос кард.

Барномаи бошукуҳи “Корвони шодӣ” бо оташфаввораҳои рангин ҳусни анҷом ёфт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.