Президенти Туркманистон ба муносибати Шаби қадр 356 маҳбусро авф кард

Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммедов ба муносибати Шаби қадр (лайлатулқадр), ки дар дини ислом ба он иззату арҷи зиёд мегузоранд, 356 маҳбусро авф кард. Дар ин бора “Фергана” хабар медиҳад. Ӯ дар ин бора фармони дахлдор ба имзо расонид. Масъалаи авфи зиндониён дар ҷаласаи ҳукумат таҳти раёсати Бердимуҳаммедови хурдӣ баррасӣ шуд. Аз ҷумла, дар ҷаласа зикр […]

Asia-Plus

Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммедов ба муносибати Шаби қадр (лайлатулқадр), ки дар дини ислом ба он иззату арҷи зиёд мегузоранд, 356 маҳбусро авф кард. Дар ин бора “Фергана” хабар медиҳад. Ӯ дар ин бора фармони дахлдор ба имзо расонид.

Масъалаи авфи зиндониён дар ҷаласаи ҳукумат таҳти раёсати Бердимуҳаммедови хурдӣ баррасӣ шуд. Аз ҷумла, дар ҷаласа зикр шуд, ки  фармони президент ба шаҳрвандоне, ки барои ҷинояткорӣ маҳкум шудаанду аз он самимона изҳори пушаймонӣ мекунанд, дахл хоҳад дошт.

Ба котиби Шӯрои амният, ҳамзамон раиси Комиссия оид ба таҳияи пешниҳодҳо дар масоили шаҳрвандӣ ва авфи назди президенти ҷумҳурӣ Бегенчу Гундогдиев дастур дода шудааст, ки дар ҳамдстӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ корҳои озод намудани қисмате аз маҳбусон ва баргаштани онҳо ба назди оилаҳояшонро амалӣ созад.

Роҳбарони мақомоти ноҳиявӣ ва шаҳрии ҳукумат дастур гирифтанд, ки барои бо шуғл фаро гирифтани шаҳрвандони авфшуда тадбирҳо роҳандозӣ кунанд.

Дар шарҳи масъалаи мазкур Сардор Бердимуҳаммедов ба шаҳрвандоне, ки ба наздикӣ аз зиндонҳо озод мешаванд,  орзу кардааст, ки "поквиҷдонона ва бо рӯҳу илҳоми тоза дар дигаргуниҳои васеъмиқёси кишвар кор кунанд ва самимона ба Ватан хизмат кардаву аз самараи меҳнати худ шод шаванд".

Ташаббусҳои авф дар Туркманистон мунтазам гузаронида мешаванд. Дар остонаи Шаби қадр, Рӯзи бетарафӣ ва соҳибистиқлолӣ президент дар ин бора фармонҳои марбута имзо мекунад. Ба ин тариқ, тайи чанд соли ахир зиёда аз 20 ҳазор сокинони маҳкумшудаи ҷумҳурӣ ба озодӣ баромаданд.

Шаби қадр дар моҳи шарифи Рамазон мақоми хос дорад. Дар шаби 27-уми Рамазон будани шаби Қадр ба яқин наздиктар аст. Мусулмонон бар он боваранд, ки дар он шаб Қуръони карим бар Пайғамбар Муҳаммад (с) нозил шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.