“Сари ин масъала кор мекунем”. Русия Толибонро аз рӯйхати созмонҳои террористӣ мебарорад?

Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва адлияи Русия “масъалаи аз рӯйхати созмонҳои террористӣ баровардани гурӯҳи Толибонро"* баррасӣ мекунанд. Дар ин бора хабаргузории Gazeta.Ru, ТАСС ва РИА Новости бо такя ба департаментҳо хабар додаанд. “Бар сари масъалаи хориҷ кардани гурӯҳи Толибон аз рӯйхати созмонҳои террористӣ кор мекунад”, – гуфт вазорати корҳои хориҷии Русия. Қарори ниҳоиро роҳбарияти олии сиёсии кишвар қабул […]

Asia-Plus

Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва адлияи Русия “масъалаи аз рӯйхати созмонҳои террористӣ баровардани гурӯҳи Толибонро"* баррасӣ мекунанд.

Дар ин бора хабаргузории Gazeta.Ru, ТАСС ва РИА Новости бо такя ба департаментҳо хабар додаанд.

“Бар сари масъалаи хориҷ кардани гурӯҳи Толибон аз рӯйхати созмонҳои террористӣ кор мекунад”, – гуфт вазорати корҳои хориҷии Русия.

Қарори ниҳоиро роҳбарияти олии сиёсии кишвар қабул мекунад, илова мекунад департамент, менависад Медуза.

Қаблан намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон Замир Кобулов ба хабаргузории ТАСС гуфта буд , ки гурӯҳи Толибон ба ҳамоиши “Русия – Ҷаҳони ислом”, ки аз 14 то 19-уми май дар Қазон баргузор мешавад, даъват шудааст.

Бояд гуфт, ки гурӯҳи Толибон дар соли 2003, пас аз ворид шудан ба феҳристи дахлдори Шӯрои амнияти СММ дар Русия ҳамчун созмони террористӣ эътироф шуда буд.

Муҳокимаи лағви ин мақом қаблан дар Русия баррасӣ шуда буд, аммо Кобулов дар соли 2020 гуфт, ки ин масъала метавонад пас аз қабули чунин қарор аз ҷониби Шӯрои амнияти СММ сурат гирад.

Дар моҳи октябри соли 2021 Владимир Путин гуфта буд, ки дар бораи хориҷ кардани Толибон аз рӯйхати созмонҳои террористӣ Русия “ба тасмимгирӣ наздиктар” шудааст, аммо ин тасмим бори дигар бояд дар СММ қабул шавад.

Аммо Русия “бо намояндагони Толибон ҳамкорӣ мекунад, онҳоро ба Маскав даъват мекунад ва дар худи Афғонистон бо онҳо дар тамос аст”, – афзуда буд Путин.

Моҳи июли соли 2021 намояндагони гурӯҳи Толибон барои музокира ба Маскав рафтанд. Пас аз ин, Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия гуфт, изҳороти Толибон имкон медиҳад, бигӯем, ки инҳо афроди солимфикр ҳастанд.

Бо гузашти камтар аз як моҳ, 15 августи соли 2021, Толибон аз поёни ҷанг дар Афғонистон ва тасарруфи комили қудрат хабар доданд.

Баъдан намояндагони Толибон дар моҳи октябри соли 2021 дубора ба Маскав рафтанд ва сипас дар солҳои 2022 ва 2023 низ чанд маротибаи дигар ба Русия сафар доштанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.