Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”

Директори ҶДММ “Лоиқ” Абдулоиқ Саидов баъди нашри хабари “Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ” ба редаксияи “Азия-Плюс” бо хоҳиши нашри назари ӯ оид ба хабари нашргардида муроҷиат кард. Саидов дар муроҷиаташ қайд мекунад, ки “то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ҳеҷ кас гунаҳкор дониста намешавад” ва нашри хабар […]

Asia-Plus

Директори ҶДММ “Лоиқ” Абдулоиқ Саидов баъди нашри хабари “Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ” ба редаксияи “Азия-Плюс” бо хоҳиши нашри назари ӯ оид ба хабари нашргардида муроҷиат кард.

Саидов дар муроҷиаташ қайд мекунад, ки “то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ҳеҷ кас гунаҳкор дониста намешавад” ва нашри хабар дуруст нест.

Бояд гуфт, хабари тасарруфи маблағҳои буҷетӣ дар яке аз биноҳои Маркази миллии тестӣ дирӯз, 25-уми апрел, дар сомонаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардид ва ОИ “Азия-Плюс” дар асоси он хабар таҳия ва нашр карда буд.

Абдулоиқ Саидов дар посухаш санҷиши молиявии гузаронидаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “саропо нодуруст ва ғайриқонунӣ” номида, онро “дахолати бевосита ба фаъолияти соҳибкорӣ” медонад.

Ӯ менависад, ки “санҷиш бе иштироки ман гузаронида шуда, то ҳол Агентӣ бо Санади ревизия манро шинос накардааст ва нусхаи онро ба ман насупоридааст”.

Ба гуфтаи Саидов, корҳои сохтмонӣ то ҳол анҷом наёфтаанд ва объекти сохтмонии “Ошхона” аз ҷониби супоришдиҳанда қабул карда нашудааст.

“Тамоми корҳои мо тибқи шартномаи гражданӣ сурат гирифта дар сурати пайдо шудани камбудию норасоиҳо аз ҷониби “Супоришдиҳанда” ба “Пудратчӣ” бартараф карда мешаванд”,- зикр кардааст соҳибкор.

Ӯ ҳамчунин мегӯяд, маълумоти Агентӣ дар хусуси чораандешӣ нисбати ҳаммаслакон “дурӯғи маҳз буда, Агентӣ нисбати дигар шахсон парванда накушодааст ва ягон “ҳаммаслак” низ вуҷуд надорад”.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.