Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт

Вазорати корҳои хориҷӣ (ВКХ)-и Тоҷикистон дар пайи дар мондани садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар гузаргоҳи “Саргарчини”-и Қазоқистон дар марзи Русия, Сергей Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистонро ба ВКХ даъват ва нигаронии худро дар робита ба ин ҳодиса иброз кард. Дар ин бора аз ВКХ Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Дирӯз, 25-уми апрели соли равон садҳо шаҳрванди […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷӣ (ВКХ)-и Тоҷикистон дар пайи дар мондани садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар гузаргоҳи “Саргарчини”-и Қазоқистон дар марзи Русия, Сергей Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистонро ба ВКХ даъват ва нигаронии худро дар робита ба ин ҳодиса иброз кард. Дар ин бора аз ВКХ Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Дирӯз, 25-уми апрели соли равон садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки мехостанд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд, шикоят карданд, ки дар гузаргоҳи “Саргарчин”, дар сарҳади вилояти Урали ҷанубии Қазоқистон ва Оренбурги Русия дармондаанд. Маъмурони гузаргоҳи марзии Русия ба онҳо гуфтаанд, “система вайрон аст”, аммо шаҳрвандони дигар кишварҳоро иҷозаи вуруд додаанд.

Аз ВКХ Тоҷикистон гуфтанд, бо сафири Русия дар Тоҷикистон мушкилиҳое, ки бо онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убури сарҳади давлатии Русия давоми чанд ҳафтаи охир рӯ ба рӯ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

“Ба мадди назари сафир (сафири Русия дар назар аст, муаллиф) нигаронии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои беасоси манъи вуруд ба қаламрави Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хусусияти оммавӣ пайдо кардаанд, расонида шуд”, – гуфтанд аз ВКХ.

Ҳарчанд ин ниҳод аз ҳодисаи мушаххас ном набурд, вале ин мулоқот дар пайи нашри хабарҳо дар  бораи мушкили вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Русия тавассути гузаргоҳи марзии “Саргарчин”-и Қазоқистон, ки 22-юми апрел оғоз гардид.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, дастикам се муҳоҷири тоҷик бо ирсоли навор ва паёми савтӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, аз рӯзи 22-юми апрели соли равон ҳудуди 180 мошини ҳомили қариб 1000 муҳоҷири тоҷик, ки миёни онҳо занону кӯдакон зиёданд, дар гузаргоҳи “Саргарчин” дармондаанд ва маъмурони рус барои вориди Русия шудани онҳо монеа эҷод мекунанд.

Маъмурони рус ҳар як тоҷикро дар алоҳидагӣ ва мӯшикофона тафтишу бозпурсӣ карда, телефонҳояшонро кофтуков менамоянд.

Маъмурони гузаргоҳ ба шаҳрвандони Тоҷикуистон гуфтаанд, кӯдакони то 14-сола ва шахсони аз 60-сола боло метавонанд бенавбат вориди Русия шаванд, дигарон бояд дар навбат истанд.

Ба “Азия-Плюс” муаяссар нашуд, ки бо шаҳрвнадони Тоҷикистон, ки дар гузаргоҳи “Саргарчин”-и Қазоқистон ва Оренбурги Русия дармондаанд, имрӯз, 26-уми апрел, такроран тамос гирад ва аз ҳоли онҳо пурсон шавад. 

Русия то ҳол сабаби маҳдудияти шадидро нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин гузаргоҳи сарҳадӣ шарҳ надодааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.