Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024

Ширкати Gracenote, ки ба таҳлил дар соҳаи варзиш машғул аст, пешгӯии худро дар бораи чӣ қадар медал дарёфт кардани кишварҳо дар Олимпиадаи Париж (Фаронса) нашр кард. Коршиносони агентӣ бо таҳлили натиҷаҳои Олимпиадаи пешин, инчунин натиҷаҳои ҳамаи мусобиқаҳои бузурги байнулмилалӣ, ки пас аз он баргузор шуданд, пешгӯии худро дар ин бора нашр карданд. Ба ин тариқ, […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Ширкати Gracenote, ки ба таҳлил дар соҳаи варзиш машғул аст, пешгӯии худро дар бораи чӣ қадар медал дарёфт кардани кишварҳо дар Олимпиадаи Париж (Фаронса) нашр кард.

Коршиносони агентӣ бо таҳлили натиҷаҳои Олимпиадаи пешин, инчунин натиҷаҳои ҳамаи мусобиқаҳои бузурги байнулмилалӣ, ки пас аз он баргузор шуданд, пешгӯии худро дар ин бора нашр карданд.

Ба ин тариқ, дар Gracenote пешгӯӣ мекунанд, ки дар ҳисоби медалҳои Олимпиада-2024 ИМА зинаи аввалро ишғол намуда, 123 медал (39 медали тилло, 37 – нуқра ва 47 – биринҷӣ) ба даст меорад.

Зинаи дуюмро аз лиҳози шумори медалҳо Чин бо 89 медал( 35 – тилло, 30 – нуқра ва 24 – биринҷӣ), мақоми сеюмро Британияи Кабир бо 66 медал (13 – тилло, 23 – нуқра ва 30 – биринҷӣ) касб мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, дастаи мизбон – Фаронса аз Британияи Кабир зиёдтар медали тилло (28-то дар муқобили 13) ба даст оварда, лекин зинаи 4-умро ишғол мекунад, зеро ҳисоб аз рӯи шумори медалҳо бурда мешавад.

Дар ин пешгӯӣ дастаи Тоҷикистон зикр нашудааст. Мутаносибан, ба ақидаи таҳлилгарон, варзишгарони тоҷик дар Олимпиада ба медалҳо соҳиб шуда наметавонанд.

Дар робита ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Қазоқистон дар зинаи 26-ум бо 10 медал (2 – тилло, 1 – нуқра ва 7 – биринҷӣ), Ӯзбекистон – мақоми 17-ум бо 13 медал (3 – тилло, 2 – нуқра ва 8 – биринҷӣ) ҷойгир шудаанд.

Ба ақидаи коршиносони Gracenote, Украина дар зинаи 18-ум бо 13 медал (3 – тилло, 2 – нуқра ва 8 биринҷӣ), Гурҷистон дар мақоми 19-ум бо 11 медал ( 3 – тилло, 5 – нуқра ва 3 – биринҷӣ) қарор хоҳанд гирифт.

Даҳгона (Топ-10)-и ҳисоби медалҳои Олимпиада-2024 аз рӯи пешгӯии Gracenote:   

1. ИМА – 123 медал (39-37-47)

2. Чин – 89 медал (35-30-24)

3. Британияи Кабир – 66 медал (13-23-30)

4. Фаронса – 55 медал (28-19-8)

5. Австралия – 50 медал (13-19-18)

6. Ҷопон – 49 медал (13-16-20)

7. Италия – 47 медал (12-20-15)

8. Нидерланд – 38 медал (18-5-15)

9. Олмон – 36 медал (9-13-14)

10. Кореяи Ҷанубӣ – 24 медал (9-4-11).

Албатта, ин рақамҳои пешгӯишуда буда, дар асл ҳамааш метавонад тағйир ёбад. Пешгӯии Gracenote ба натиҷаи мусобиқаҳои бузурги байнулмилалӣ, ки пас аз Бозиҳои Токио-2020 баргузор шуданд, асос ёфтааст.

Тавре ки маълум аст, айни замон Тоҷикистон ҳамагӣ 4 роҳхат дар 2 навъи варзиш, инчунин 3 квотаи махсус (2 шиноварӣ ва 1 – варзиши сабук) дорад. Ин даъъъватномаҳоро федератсияҳои байнулмилалӣ ба таври анънавӣ ба варзишгарон ҷудо карданд.

То оғози Бозиҳои олимпӣ начандон зиёд мусобиқаҳои иҷозатномавӣ боқӣ мондаанд, ки дар он тоҷикистониён тавонанд роҳхатҳо ба даст оранд.

Ёдрас мекунем, ки дар Бозиҳои 19-уми Осиё дар Ханчжоу-2023 Тоҷикистон 7 ҷоиза ба даст овард. Дар ин мусобиқа муштзанони тоҷик ба дарёфти ду роҳхат барои иштирок дар Бозиҳои олимпии соли 2024 ноил гардиданд.

Ба ин роҳхатҳо Давлат Болтаев (92 кг) ва Мадина Самадова (57 кг) соҳиб шуданд. Чанде пеш дар мусобиқаи олимпии ҷаҳонӣ оид ба бокс дар Италия Баҳодур Усмонов (63,5 кг) ва дар мусобиқаи интихобии таэквон-до WT дар Чин Мунира Абдусаломова ((+67 кг) ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж роҳхат ба даст оварданд.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Париж аз 26 июл то 11 август доир гардида, дар он зиёда аз 10 ҳазор варзишгар аз 205 кишвар иштирок мекунанд. Дар ин Бозиҳо намояндагони кишварҳо дар 32 навъи варзиш барои дарёфти 329 медал рақобат хоҳанд кард.

Қобили зикр аст, ки дар Олимпиадаи пешин дар Токио аз Тоҷикистон 7 варзишгар иштирок крада, ҳеҷ кадоме аз онҳо ба дарёфти медал даст наёфт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио