Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса

Аз 26 май то 2 июн дар Бангкок (Таиланд) Мусобиқаи ҷаҳонии олимпӣ оид ба бокс доир мегардад, ки мусобиқаи охирини дарёфти роҳхтаҳо ба Олимпиадаи Париж буда, дар он намояндагони Тоҷикистон низ иштирок мекунанд. Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон аз варзишгарони зерин иборат аст: Руҳафзо Ҳақназарова (50 кг), Фотима Бегмуродова (54 кг), Нилуфар Бобоёрова (63 кг), Шоира Зулқайнарова […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Аз 26 май то 2 июн дар Бангкок (Таиланд) Мусобиқаи ҷаҳонии олимпӣ оид ба бокс доир мегардад, ки мусобиқаи охирини дарёфти роҳхтаҳо ба Олимпиадаи Париж буда, дар он намояндагони Тоҷикистон низ иштирок мекунанд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон аз варзишгарони зерин иборат аст: Руҳафзо Ҳақназарова (50 кг), Фотима Бегмуродова (54 кг), Нилуфар Бобоёрова (63 кг), Шоира Зулқайнарова (66 кг), Меҳрон Шафиев (51 кг), Асрор Воҳидов (57 кг), Шамшер Саидов (71 кг), Некрӯз Салимов (80 кг), Муҳаммад Аброриддинов (+92 кг).

Ба ҳайати ситоди мураббиёни даста Алӣ Бобоҷонов, Рустам Музаффаров ва Муҳаммадҷон Ташахунов шомил шудаанд.

Айни замон дар ҳайати тими Тоҷикистон се нафар ба Олимпиада роҳхат гирифтаанд: Миҷгона Самадова (57 кг), Давлат Болтаев (92 кг) ва Баҳодур Усмонов (63,5 кг).

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Федератсияи боси Тоҷикистон, чанде пеш дар Остона Чемпионати Осиё байни варзишгарони синни то 22-сола доир гардид, мунтахаби Тоҷикистон 3 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ ба даст овард.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа аз 22 варзишгар иборат буд. Ин мусобиқа барои онҳо марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс мебошад, ки баргузориаш моҳҳои октябр-ноябр дар Хорватия ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.