“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ

Шарафҷон Насриддинов, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо тахаллуси Қорӣ Раҷабалӣ маъруф гаштааст, бо гумони қаллобӣ боздошт ва бар зиддаш парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шуд. Дар ин бора "Милитсия ҳомии ҷомеа"-и ВКД хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, "Қори Раҷабалӣ ба ҳар хонае бо мақсади дуохони мерафт, кирдори ношояме содир мекард". Ӯ то ин дам се занро, […]

Asia-Plus

Шарафҷон Насриддинов, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо тахаллуси Қорӣ Раҷабалӣ маъруф гаштааст, бо гумони қаллобӣ боздошт ва бар зиддаш парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шуд. Дар ин бора "Милитсия ҳомии ҷомеа"-и ВКД хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, "Қори Раҷабалӣ ба ҳар хонае бо мақсади дуохони мерафт, кирдори ношояме содир мекард".

Ӯ то ин дам се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳи худ даровардааст ва ба гуфтаи ВКД рӯзгорашро аз ҳисоби занонаш пеш мебурдааст.

"Қорӣ Раҷабалӣ дар маҳфилҳо ба қавле мардумро панду андарз, аз инсофу адл гуфта, худ ғуломи нафс шудааст. Ӯ ҳатто ҳамсарони ёру дустони худро ба никоҳаш даровардааст", – гуфта мешавад дар ахбори ВКД.

Ӯ дар ягон ҷо таҳсили динии расмӣ нагирифта, вале дар масчиди “Қазоқонӣ” ноҳияи Сино ҳамун қорӣ фаъолият доштааст.

Худи гумонбаршаванда дар навор тасдиқ мекунад, ки бо ивази маблағ дуохонӣ мекардааст, вале ба никоҳи худ даровардани се занро "аз нигоҳ ислом" дуруст мехонад.

Ҳоло нисбати  Шарафҷон Насриддинов бо моддаи 247, қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Тафсилот дар ахбори ВКД аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.