Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ

Дар Бангкок (Таиланд) рӯзи 16 май ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедратсияи футболи Осиё (КФО) ва Конгресси 34-уми КФО баргузор шуд. Дар ин Конгресс аъзои нави Кумитаи иҷроия барои давраи солҳои 2024-2027 интихоб шуданд. Аз ҷумла, Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон аз минтақаи Осиёи Марказӣ узви Кумитаи иҷроияи КФО интихоб ва тасдиқ шуд. Қобили зикр аст, ки дар […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Дар Бангкок (Таиланд) рӯзи 16 май ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедратсияи футболи Осиё (КФО) ва Конгресси 34-уми КФО баргузор шуд.

Дар ин Конгресс аъзои нави Кумитаи иҷроия барои давраи солҳои 2024-2027 интихоб шуданд. Аз ҷумла, Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон аз минтақаи Осиёи Марказӣ узви Кумитаи иҷроияи КФО интихоб ва тасдиқ шуд.

Қобили зикр аст, ки дар бораи ба ҳайати Кумитаи иҷроия шомил шудани Миҷгона бори аввал охири соли гузашта дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи КФО сухан рафта буд. Он замон ин хабарро барои Осиёи Марказӣ таърихӣ унвон карда буданд, зеро намояндаи Тоҷикистон (ва дар умум минтақаи Осиёи Марказӣ) ба ҳайати Кумитаи иҷроияи Конфедератсия тавсия шуда буд.

“Ҳуқуқшиноси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ аввалин зан аз минтақаи мо дар Кумитаи иҷроияи КФО аст. Иқдоми ҳамкорони мо аз Тоҷикистон қобили таҳсин аст, зеро аз дигар федератсияҳо то ҳол номзадии занҳо пешбарӣ нашуда буд”, – гуфтааст мутахассиси Ӯзбекистон, узви Кумитаи тадорукоти Чемпионати ҷаҳон ва Ҷоми Осиё дар Катар Алишер Никимбаев.

Миҷгона Маҳмадалиева дар ҷаласаи ҳайати раҳбарии КФО дар Бангкок иштирок кард. Дар он ҳамчунин президенти Конфедератсия Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа ва дигар аъзои кумита ҳузур доштанд.

“Соли 2023 таҳти сарпарастии КФО ва дастгирии ассотсиатсияҳои миллӣ ва минтақавӣ 11 мусобиқа баргузор шуд. Муносибати пармасъули аъзои КФО ба баргузории мусобиқаҳо ба мо имкон медиҳад, ки бо итминон ба оянда назар кунем”, – гуфтааст президенти КФО.

Дар ҷараёни ҷаласаи имсола аъзои Кумита Австралия ва Ӯзбекистонро ба сифати кишварҳое, ки Ҷоми Осиёи КФО-ро дар соли 2026 ва 2029 пазироӣ мекунанд, тасдиқ намуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио