Боздошти ду корманди Додгоҳи вилояти Хатлон бо иттиҳоми 160 ҳазор сомонӣ пора

Бар зидди котиби маҷлиси судии Додгоҳи вилояти Хатлон ва  ёрдамчии раиси суди мазкур, барои гирифтани 160 ҳазор сомонӣ парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии Оҷонсии зиддифасод хабар нашр кард. Ба иттилои ин ниҳод С.М., котиби маҷлиси судии Додгоҳи вилояти Хатлон ва бо ёрдамчии раиси ҳамин суд А.А. бо маслиҳати пешакӣ, ба боварии […]

Бар зидди котиби маҷлиси судии Додгоҳи вилояти Хатлон ва  ёрдамчии раиси суди мазкур, барои гирифтани 160 ҳазор сомонӣ парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии Оҷонсии зиддифасод хабар нашр кард.

Ба иттилои ин ниҳод С.М., котиби маҷлиси судии Додгоҳи вилояти Хатлон ва бо ёрдамчии раиси ҳамин суд А.А. бо маслиҳати пешакӣ, ба боварии шаҳрванд Х.Ю. даромада, аз номбурда барои аз адои минбаъдаи ҷазо озод намудани бародараш, ки бо ҳукми додгоҳ барои содир намудани ҷинояти вазнин аз озодӣ маҳрум гашта будааст, 160 ҳазор сомонӣ гирифтаанд.

Айни ҳол нисбати ин ду корманди Додгоҳи вилояти Хатлон бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятӣ парванда ифтитоҳ шуда, пас аз тафтиш ба додгоҳ пешниҳод шудааст.

Ин банди қонунгузорӣ  ҷарима ба андозаи аз як ҳазору чорсаду шаст то ду ҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 105 ҳазору 120 то 157 ҳазору 680 сомонӣ), ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол ва  маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё бидуни он, ҷазо пешбинӣ мекунад.

Бояд гуфт, ин аввалин ҳолати боздошти корманди додгоҳ дар соли ҷорӣ нест. Аз аввали сол се додрас барои паст задани шаъну эътибори касбӣ аз вазифа озод гардиданд.

Дар се соли охир бошад, 14 додрас “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз вазифа озод шудаанд.

Дар бораи омилҳои боздошту аз вазифа сабукдӯш кардани додрасҳо дар ин пайванд маълумоти бештар пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд мунтахаби Тоҷикистон 12 медал ба даст овард

Александра Кан ба дарёфти медали тиллои мусобиқа даст ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.