“Блогинг, қадам ба қадам”. Нашри аввалин китоб дар бораи блогнависӣ бо забони тоҷикӣ

Дар Душанбе нахустин китоб дар бораи пешбурди блогҳо ба забони тоҷикӣ бо номи “Блогинг, қадам ба қадам” чоп шуд. Ин китоб аз ҷониби рӯзноманигор Аслам Мӯминзод навишта шуда, дар нашриёти “Ирфон” ба табъ расидааст. Китоби мазкур аз ҳашт қисм иборат буда, дар он дар бораи фаъолияти блогерӣ, намудҳои блогҳо, намудҳои платформаҳои блогинг, тафовути онҳо аз […]

Дар Душанбе нахустин китоб дар бораи пешбурди блогҳо ба забони тоҷикӣ бо номи “Блогинг, қадам ба қадам” чоп шуд. Ин китоб аз ҷониби рӯзноманигор Аслам Мӯминзод навишта шуда, дар нашриёти “Ирфон” ба табъ расидааст.

Китоби мазкур аз ҳашт қисм иборат буда, дар он дар бораи фаъолияти блогерӣ, намудҳои блогҳо, намудҳои платформаҳои блогинг, тафовути онҳо аз ҳамдигар, усулҳои интихоб ва истифодаи босамари платформаҳо, роҳҳои кушодани блогҳо, ҳуқуқ барои пешбурди блог, усулҳои эҷод намудани контенти босифат, роҳҳои афзоиши муштариёни блог, роҳҳои пул кор кардан аз блогҳо ва роҳҳои муваффақ намудани  блогҳо ба хонандагон маълумоти муфид пешниҳод шудааст.

Китоби “Блогинг, қадам ба қадам” ҳамчун дастури роҳнамо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши блогерону рӯзноманигорон барои пешбурди фаъолияти блогерӣ таҳия шудааст.

Бояд гуфт, ки блогинг ҳоло ба як бахши муҳими зиндагии инсонҳо табдил ёфтааст. Он барои маркетологҳо воситаи бозорёбии рақамӣ, барои воизон минбар барои суханронӣ, барои ширкатҳо воситаи таблиғи молу маҳсулот, барои мутахассисон воситаи худро муаррифӣ кардан ва барои рӯзноманигорон воситаи нашр кардани иттилоот ва барои ҳаваскорон воситаи дилхушиву фароғат, барои бархе аз одамон воситаи баёни дарду алам, барои хотиранависон рӯзнома ё дафтари хотираҳо ва барои шахсони муваффақ воситаи даромаду пешбурди рӯзгор аст.

Ҳар кас ба воситаи блогинг метавонад, ки фикрҳо ва идеяҳои худро ба ҷаҳониён пешниҳод кунад ва он имкон медиҳад ҳамчун восита барои сохтани шабака, ҷамъоварии ҳамфикрону дӯстон ва барои ба даст овардани даромад мусоидат кунад. Аммо муваффақ шудан дар бахши блогинг кори осон нест. Китоби мазкур ба хонанда моҳияти блогингро мефаҳмонад ва роҳҳои сохтани блоги муваффақро нишон медиҳад.

Китоби “Блогинг, қадам ба қадам”  ба хоҳишмандон барои ба муваффақият ноил шудан дар ҷодаи блогинг кӯмак мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".