Хадамоти Маркази шиносномадиҳӣ ва раводиди ВКД-и Русия дар Тоҷикистон пулакӣ мешавад. Нархи он чанд аст?

Шурӯъ аз 2-юми сентябри соли 2024 хадамоти Маркази шиносномдиҳӣ ва раводиди Вазорати корҳои дохилии Русия дар Душанбе барои шаҳрвандони Тоҷикистон пулакӣ хоҳад шуд. Муддати се моҳ хидматрасонӣ дар ин Марказ ройгон буд. Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар ба “Азия-Плюс” гуфт, ки арзиши хадамоти ин марказ каме бештар аз 400 сомонӣ […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Шурӯъ аз 2-юми сентябри соли 2024 хадамоти Маркази шиносномдиҳӣ ва раводиди Вазорати корҳои дохилии Русия дар Душанбе барои шаҳрвандони Тоҷикистон пулакӣ хоҳад шуд. Муддати се моҳ хидматрасонӣ дар ин Марказ ройгон буд.

Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар ба “Азия-Плюс” гуфт, ки арзиши хадамоти ин марказ каме бештар аз 400 сомонӣ хоҳад буд.

“Бо ин маблағ ташхиси изи ангушт ва санҷиши иҷозаи вуруд ба ҳудуди Русия гузаронида мешавад”, – гуфт Шаҳноза Нодирӣ.

Ӯ гуфт, нархи хадамоти ин Марказ аз ин бештар боло бурда намешавад. Аммо агар теъдоди довталабон зиёд шавад, нархи хадамот шояд поёнтар бурда шавад.

Шаҳноза Нодирӣ, ҳамчунин, илова кард, ки дар мавриди арзиши хадамоти ин Марказ бо намояндагии Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводиди ВКД-и Русия гуфтушунид доштаанд ва ба гарон будани нарх барои шаҳрвандони Тоҷикистон таъкид кардаанд.

Посухи намояндагии Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводиди ВКД-и Русия оил ба баландии нархи хадамот маълум нест.

Дар ин баробар, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар аз шаҳрвандон хостааст, ки аз фурсат истифода бурда, то 1-уми сентябри соли 2024 аз санҷиш ройгон гузаранд.

Ёдовар мешавем, ки намояндагии Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводиди Вазорати корҳои дохилии Русия охири моҳи майи соли ҷорӣ дар Душанбе расман боз шуд. Дар маросими ифтитоҳи ин намояндагӣ Рамазон Раҳимзода ва Владимир Колоколтсев, вазирони умури дохилии Тоҷикистону Русия, Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ширкат доштанд.

Сомонаи ВКД хабар дода буд, ки ҳадафи асосии таъсиси намояндагӣ санҷиши пеш аз сафар ба Русия дар ҳудуди Тоҷикистон буда, шаҳрвандон имкон доранд, ки дар дохили ҷумҳурӣ аз бақайдгирии изи ангушт ва санҷиши манъи вуруд ба ҳудуди Русия гузаранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.