Садамаи як киштии хурд дар “Кӯли ҷавонон”. Як ҷавон дар об ғарқ шуда, 6 нафарро наҷот додаанд

Дишаб, соати 23:37 дар пайи садамаи киштии хурд ё заврақ дар Кӯли ҷавонони пойтахт як ҷавон дар об ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (КҲФ) хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки ин ҷавон ҳамроҳи 6 нафари дигар савори киштии хурди тафреҳӣ дар Кӯли ҷавонон сайр мекарданд ва ҳангоми гардиш киштӣ, ки суръаташ баланд […]

Asia-Plus

Дишаб, соати 23:37 дар пайи садамаи киштии хурд ё заврақ дар Кӯли ҷавонони пойтахт як ҷавон дар об ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (КҲФ) хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки ин ҷавон ҳамроҳи 6 нафари дигар савори киштии хурди тафреҳӣ дар Кӯли ҷавонон сайр мекарданд ва ҳангоми гардиш киштӣ, ки суръаташ баланд буд, мувозинатро гум карду чаппагардон шуд.

Ин ниҳод гуфт, аз 7 нафар 6 ҷавонро кормандони тарабхонаи «Latina-Dushanbe», ки дар соҳили Кӯли ҷавонон аст, наҷот доданд, як сокини 26-солаи шаҳри Душанбе ба қаъри об рафт ва ғарқ шуд.

Шахсияти ҷавонон ошкор нашудааст.

КҲФ афзуд, барои корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот имдодагрони навбатдори Раёсати ин кумитаи ба ҷойи ҳодиса рафта, соати 00:55 дақиқа ҷасади ҷавон пайдо ва ба кормандони милитсия супурда шуд.

Гуфта мешавад, ки ҳоло мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабаҳои ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Кӯли ҷавонон яке аз мавзеъҳои тафреҳии сокинони Душанбе аст ва сокинон ва меҳмонони пойтахт махсусан шомгоҳон дар ин мавзеъ тавассути  киштиҳои хурди тафреҳӣ сайру гашт мекунанд. Рӯзона ҷавонон дар кӯл оббозӣ ҳам мекунанд.

Гоҳо оббозӣ дар ин мавзеъ ҳам ба фоҷеа меанҷомад. Ҳафтаи гузашта дар ин мавзеъ ҷасади як навраси 15-16-сола пайдо гардид, ки ҳангоми оббозӣ дар кӯл ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.