Ҷасади як шаҳрванди Ӯзбекистон аз обанбори Норак пайдо шуд

Кормандони  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон пас аз 4  рӯзи ҷустуҷӯ, ҷасади шаҳрванди Ӯзбекистонро аз қаъри обанбори Норак пайдо кардаанд. Дар ин бора хадамоти матбуотӣ ин ниҳод хабар медиҳад. Рӯзи 20 – уми август наҷотдиҳандагони Хадамоти ҷумҳуриявии наҷоти кӯҳии КҲФ дар шаҳри Норак ҷасади сокини 28-солаи вилояти Самарқанди Ӯзбекистонро дар обанбори Норак пайдо […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Кормандони  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон пас аз 4  рӯзи ҷустуҷӯ, ҷасади шаҳрванди Ӯзбекистонро аз қаъри обанбори Норак пайдо кардаанд. Дар ин бора хадамоти матбуотӣ ин ниҳод хабар медиҳад.

Рӯзи 20 – уми август наҷотдиҳандагони Хадамоти ҷумҳуриявии наҷоти кӯҳии КҲФ дар шаҳри Норак ҷасади сокини 28-солаи вилояти Самарқанди Ӯзбекистонро дар обанбори Норак пайдо карда, ба мақомоти дахлдор супоридаанд.

Ба навишти манбаъ, ӯ рӯзи 17‑уми август ҳангоми оббозӣ дар обанбори Норак ғарқ шудааст.

Бояд гуфт, ки обанбори Норак иншооти муҳими давлатӣ дониста мешавад ва дар хабари КҲФ гуфта нашудааст, ки оббозӣ дар он иҷоза ҳаст ё не.

Дар зимн КҲФ ба хонаводаи шахси ғарқшуда ҳамдардӣ карда, ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат намудааст, ки қоидаҳои бехатариро дар обанборҳо риоя кунанд.

Ёдовар мешавем, ки давоми шаш моҳи охир дар Тоҷикистон бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарё ва дигар обанборҳои кишвар 86 нафар ба ҳалокат расиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду ҳолат бештар аст.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, миёни ҳалокшудагон синни 8 нафарашон то 4 – сола, 9 кас  аз 5 то 10 – сола, 23 нафар аз 11 то 16 ‑ сола, 28 кас  аз 17 то 35 – сола ва 8 нафар синни аз 35 – сола болотар мебошанд. Аз ин шумора 26 нафар занҳо мебошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.