“Таронаҳои шарқ” дар Самарқанд. Аз Тоҷикистон киҳо иштирок мекунанд?

Дар ҷашнвораи байналмилалии “Таронаҳои шарқ”, ки ҳафтаи баъдӣ дар шаҳри Самарқанд оғоз мегардад, аз Тоҷикистон Ансамбли “Фалак” ду сароянда ва чаҳор мутриб иштирок хоҳанд кард. Ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, сездаҳумин ҷашнвораи “Таронаҳои шарқ” аз 26 то 30-юми август баргузор шуда, дар он 300 намоянда аз 70 кишвари ҷаҳон иштирок мекунад. Тоҷикистонро дар ин фестивал […]

Asia-Plus

Дар ҷашнвораи байналмилалии “Таронаҳои шарқ”, ки ҳафтаи баъдӣ дар шаҳри Самарқанд оғоз мегардад, аз Тоҷикистон Ансамбли “Фалак” ду сароянда ва чаҳор мутриб иштирок хоҳанд кард.

Ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, сездаҳумин ҷашнвораи “Таронаҳои шарқ” аз 26 то 30-юми август баргузор шуда, дар он 300 намоянда аз 70 кишвари ҷаҳон иштирок мекунад. Тоҷикистонро дар ин фестивал Ансамбли “Фалак”, Фотима Машрабова, Шоҳин Абдуллоев ва 4 мутриб муаррифӣ хоҳанд кард.

Ҳадафи фестивали мазкур муаррифӣ ва эҳёи мусиқии суннатии халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон арзёбӣ мегардад.

Дар доираи ҷашнвора баргузории Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Фарҳанги мусиқии халқҳои Шарқ: асосҳои ҳамоҳангии эҷодӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ” низ дар назар аст, ки дар он мусиқишиносон, олимони марказҳои тадқиқотӣ, ходимони донишкадаҳои олии мусиқӣ, профессорон ва номзадҳои илм иштирок мекунанд.

Маросими ҷамъбасти ҷашнвора 30-юми август баргузор шуда, ғолибони озмун бо диплом, ҷоиза ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Бояд гуфт, фестивали байналмилалии мусиқии “Таронаҳои Шарқ” дар ду сол як маротиба дар Ӯзбекистон баргузор мегардад. Ин фестивал соли 1997 бо ташаббуси созмони ЮНЕСКО ва ҳукумати Ӯзбекистон таъсис ёфта, бори нахуст ҳамон сол баргузор гардид, ки аз 31 кишвари дунё ҳунармандон иштирок намуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.