“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон

Як сокини шаҳри Душанбе 2 сол боз падари фарзандонашро «меҷӯяд», то аз ӯ алимент ё ҳаққи фарзандонашро, ки додгоҳ муқаррар кардааст, рӯёнад. Таҳмина Назирова, як сокини шаҳри Душанбе 7 сол боз ду фарзандашро, ки якеаш бемор аст, танҳо ба воя мерасонад. Ӯ дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” нигаронӣ кард, ки Идрис Давлатов, шавҳари собиқаш, ки мебоист дар […]

Як сокини шаҳри Душанбе 2 сол боз падари фарзандонашро «меҷӯяд», то аз ӯ алимент ё ҳаққи фарзандонашро, ки додгоҳ муқаррар кардааст, рӯёнад. Таҳмина Назирова, як сокини шаҳри Душанбе 7 сол боз ду фарзандашро, ки якеаш бемор аст, танҳо ба воя мерасонад.

Ӯ дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” нигаронӣ кард, ки Идрис Давлатов, шавҳари собиқаш, ки мебоист дар ду сол 9 ҳазору 600 сомонӣ ба фарзандонаш пули алимент супорад, танҳо чанд рӯз пеш, баъди муроҷиати ӯ ба расонаҳо 4 ҳазор сомонӣ алимент супорид ва дубора “бедарак” шуд.

Таҳмина Назирова нигаронӣ кард, ки мақомот барои дарёфт ва рӯёнидани ҳаққи фарзандонаш чораҷӯӣ намекунанд. Ҳарчанд, ба гуфтаи вай, шавҳараш аз моҳи августи соли 2023 барои напардохтани ҳаққи алимент дар ҷустуҷӯ қарор дорад ва дар яке аз ширкатҳои мусофиркашонӣ ронандагӣ мекунад.

“Ин бори аввал нест, ки Идрис аз додани пули алимент саркашӣ карда, бедарак мешавад. Соли 2018 низ чунин ҳолат рух дода буд. Он вақт суд собиқ шавҳарамро дар ҷустуҷӯ қарор дод, вале бо вуҷуди маълум будани ҷойи кораш мақомот коре накард. Худам ӯро ёфта, ба Хадамоти иҷрои ноҳияи Сино оварда будам” – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Бо қарори додгоҳ аз соли 2019 Идрис Давлатов уҳдадор аст барои ҳар як фарзандаш 200 сомонӣ, ҷамъ 400 сомонӣ алимент супорад. То ин вақт пули алимент 130 сомонӣ барои ҳар кӯдак – ҷамъ 260 сомонӣ буд.

Вале ба гуфтаи ин зан, шавҳари собиқаш аз моҳи августи соли 2022 пули алиментро намесупорад ва бо гузашти ду сол “қарзаш” дар назди фарзандонаш ба 9 ҳазор 600 сомонӣ расид.

Таҳмина Назирова ба Хадамоти иҷро ва шуъбаи корҳои дохилӣ (ШКД) 1 дар ноҳияи Сино муроҷиат кард, вале мақомот барои рӯёнидани пули алименти кӯдаконаш коре намекунанд.

“Чандин маротиба ба Хадамоти иҷрои ноҳияи Шоҳмансур ва ШКД-и ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат кардам, вале онҳо “имрӯзу пагоҳ” гуфта чора наандешиданд. Чанд вақт пеш “шавҳаратро ёфта биёр, мо пулатро рӯёнда медиҳем” гуфтанд. Ҷойи кор ва рақами мошинашро пайдо карда, ба масъулини хадамот ирсол кардам, аммо нашуд. Иҷрочии Хадамоти иҷро рӯирост гуфт, ки агар одам медоштам, корам кайҳо ҳал мешуд” – қисса кард Таҳмина.

Фарзанди калонии Таҳмина дорои бемории "камақлии дараҷаи сабук" буда, ба ташхису табобат ниёз дорад, вале айни замон барои муолиҷаи кӯдак пули кофӣ надорад.

Аз Хадамоти иҷрои ноҳияи Шоҳмансур ба “Азия-Плюс” гуфтанд, воқеан, Идрис Давлатов барои напардохтани алимент дар ҷустуҷӯст ва масъули дарёфти ӯ ШКД-и ноҳияи Фирдавсӣ аст.

Аз ШКД-и ноҳияи Фирдавсӣ гуфтанд, аз сабаби он ки Давлатов ҷойи муайяни истиқомат надорад, дарёфти ӯ душвор аст.

“Азбаски ҳуқуқвайронкунии содирнамудаи ӯ маъмурист, салоҳиятҳоямон маҳдуданд. Мо бояд ба лоиҳаи “Шаҳри бехатар” мактуб фиристода, тавассути рақамҳои автомошина гумонбарро пайдо кунем” – гуфт Ҷамшед Сафаров, яке аз масъулони шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ. 

Ин масъул нагуфт, ки кай ба “Шаҳри бехатар” муроҷиат мекунанд ва чаро то ҳол ин муроҷиат сурат нагирифтааст.

Ҷамшед Сафаров ҳамчунин гуфт, нисбати Идрис Давлатов бо ҷурми қаллобӣ низ парванда боз шудааст, вале мушаххас нагуфт, ки кай ва барои кадом амал.

“Азия-Плюс” кӯшиш кард бо Идрис Давлатов, шавҳари Таҳмина ҳамсуҳбат шавад, вале ӯ ба зангҳои пайдарпайи мо ҷавоб надод. Дар ҳолати дастрас гардидани назараш “Азия-Плюс” омода аст, онро нашр кунад.

Ин бори аввал нест, ки занон барои ситонидани алимент ба мақомот муроҷиат мекунанд. Тибқи маълумоти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2024 Хадамот беш аз 22 ҳазор арзу шикояти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ кардааст.

Дар ин миён, 418 падар барои напардохтани алименти фарзандон дар кофтуков қарор дошта, нисбати 128 қарздори дигар бинобар саркашӣ намудан аз пардохти алимент додситонӣ дар асоси моддаи 177-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаҳои ҷиноятӣ боз кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.