Бохти “Истиқлол” дар даври аввали Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 дар Душанбе

Дастаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе дар бозии якуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 аз дастаи "Ал-Шарҷа"-и Амороти Муттаҳидаи Араб шикаст хӯрд. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор гардида, бо натиҷаи 0 бар 1 ба нафъи меҳмонон поён ёфт. Тибқи иттилоъи саҳифаи дастаи Истиқлол дар “Фейсбук”, дар ин дидор беш аз 10 ҳазор мухлис ҳузур доштааст. […]

Муҳаммадназар Наҷмиддин

Дастаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе дар бозии якуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 аз дастаи "Ал-Шарҷа"-и Амороти Муттаҳидаи Араб шикаст хӯрд. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор гардида, бо натиҷаи 0 бар 1 ба нафъи меҳмонон поён ёфт.

Тибқи иттилоъи саҳифаи дастаи Истиқлол дар “Фейсбук”, дар ин дидор беш аз 10 ҳазор мухлис ҳузур доштааст.

Пас аз ин шикаст "Истиқлол" дар қаъри ҷадвали гурӯҳи "С" маскан гирифт. Дастаи "Ал-Шарҷа" бо соҳиб шудани се имтиёз садрнишини гурӯҳ шуд. Дар даври навбатии мусобиқа "Истиқлол" дар сафар бо "Сипоҳон"-и Эрон рақобат мекунад.

Бозии дигар дар ин гурӯҳ байни “Сипоҳон”-и Эрон ва “Ал-Ваҳда”-и Урдун доир гардида, “Сипоҳон дар меҳмонӣ бозиро бо ҳисоби 1:2 бохт. Ягона голи ин дастаро футболбози тоҷик Ваҳдат Ҳаннонов ба ҳадаф расонд.  

Қобили зикр аст, ки имрӯз дастаи дигари Тоҷикистон – “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб бозии якуми худро дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё муқобили дастаи “Моҳун Баган”-и Ҳиндустон баргузор мекунад. Ин дидор дар Ҳиндустон сурат мегирад.

Барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар соли 2023 “Равшан”-и Кӯлоб дар гурӯҳи “А”-и мусобиқот якҷо бо тимҳои “Ал-Вақра” (Қатар), “Трактор” (Эрон) ва “Моҳун Баган” (Ҳиндустон) қарор дорад.

Гуфта мешавад, бар асоси натоиҷи марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои КФО-2024/25 ду тими беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври баъдӣ роҳ меёбад. Ҳарифон дар даврҳои баъдӣ мувофиқи ҷойи ишғолкардаашон дар гурӯҳҳо (1 ва 2-юм) муайян карда мешаванд, яъне дастаи 1-уми як гурӯҳ бо дастаи 2-юми гурӯҳи дигар бозӣ мекунад. Шурӯъ аз даври чаҳорякниҳоӣ ҳарифон тариқи қуръапартойӣ муайян карда мешаванд.

Имсол мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 бо ширкати 32 даста доир мегардад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб  тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст.

Дастаҳои “Истиқлол” ва Равшан” ба минтақаи Ғарб дохиланд. Дастаҳои ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки соли оянда дар Лигаи асосии қаҳрамонҳои Осиё иштирок кунанд.

“Истиқлол” ва Равшан” барои ширкат дар даври гурӯҳии мусобиқа 300 ҳазор долларӣ ба даст меоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.