Moody’s ҳам аз паси S&P рейтинги қарзии соҳибихтиёрии Тоҷикистонро баланд кард

Ширкати рейтингӣ (радабандӣ)-и байналмилалии “Moody’s Investors Service” рейтинги қарзии соҳибихтиёрии Тоҷикистонро бинобар беҳтар шудани нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар аз дараҷаи «B3» бо дурнамои “устувор” ба дараҷаи «B3» бо дурнамои “мусбат” баланд бардошт. Тавре ки Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ба болоравии рейтинг омилҳои зерин, аз қабили рушди устувори иқтисодӣ ва афзоиши захираҳои байналмилалӣ, ки имкон медиҳанд […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати рейтингӣ (радабандӣ)-и байналмилалии “Moody’s Investors Service” рейтинги қарзии соҳибихтиёрии Тоҷикистонро бинобар беҳтар шудани нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар аз дараҷаи «B3» бо дурнамои “устувор” ба дараҷаи «B3» бо дурнамои “мусбат” баланд бардошт.

Тавре ки Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ба болоравии рейтинг омилҳои зерин, аз қабили рушди устувори иқтисодӣ ва афзоиши захираҳои байналмилалӣ, ки имкон медиҳанд Тоҷикистон уҳдадориҳояшро дар самти хизматрасонии қарзи беруна ва коҳиш додани фишори эҳтимолӣ ба тавозуни пардохт сари вақт иҷро намояд, мусоидат намуданд.

“Инчунин таҳкими нишондиҳандаҳои берунӣ тайи солҳои охир, маблағгузории иловагии имтиёзнок аз ҷониби шарикони рушд барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти миёнамуҳлати лоиҳаҳои муҳимми давлатӣ низ ба болоравии рейтинг таъсир расониданд”, – зикр мешавад дар хабари Бонки миллии ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, ширкати рейтингии байналмилалии “Moody’s Investors Service” яке аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, рейтинги қарзии кишварҳо ва таҳлили хавфҳои онҳоро муайян мекунад ва дар қатори Standard & Poor’s ва Fitch Ratings ба “сегонаи бузургтарин”-и ширкатҳои рейтингии байнулмилалӣ дохил мешавад.  

Интишори натиҷаҳои баҳодиҳии рейтинги қарзии соҳибихтиёрӣ яке аз талаботҳои асосии ворид шудан ба бозорҳои байналмилалии сармоя ба шумор рафта, дар рушди сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, бонкҳои сармоягузорӣ ва шарикони рушд нақши мусбат дошта метавонад.

Қаблан зикр гардида буд, ки Агентии байнулмилалӣ оид ба рейтингҳо (радабандиҳо)-и Standard & Poor's Global Ratings мавқеи Тоҷикистонро дар радабандии дарозмуҳлат оид ба уҳдадориҳо дар асъори хориҷӣ ва миллӣ аз «В-» то «B» беҳтар кард. “Агентӣ ба ҷумҳурӣ “пешгӯии устувор”-ро муносиб донист”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.