Амирхон Мутаққӣ барои ширкат дар нишасти шашуми “Формати Маскав” вориди Русия шуд

Бо даъвати Русия намояндагони ҳукумати Толибон* барои ширкат дар шашумини нишасти машваратии "Формати Маскав" оид ба вазъи Афғонистон, ки рӯзи 4-уми октябр мегазарад, бо як ҳайати калон вориди Маскав шудаанд. Ҳофиз Зиё Аҳмад, муовини сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи ҳукумати Толибон хабар додааст, ки ҳайати ҳукумати онҳо дар раъси Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷа аллакай, вориди Маскав шуд. Ба гуфтаи ӯ, […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Бо даъвати Русия намояндагони ҳукумати Толибон* барои ширкат дар шашумини нишасти машваратии "Формати Маскав" оид ба вазъи Афғонистон, ки рӯзи 4-уми октябр мегазарад, бо як ҳайати калон вориди Маскав шудаанд.

Ҳофиз Зиё Аҳмад, муовини сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи ҳукумати Толибон хабар додааст, ки ҳайати ҳукумати онҳо дар раъси Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷа аллакай, вориди Маскав шуд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳошияи ин нишаст Амирхон Муттақӣ бо Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дидор хоҳад кард.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия низ аз мулоқоти Муттақӣ бо Лавров иттилоъ дода, гуфтааст, ки дар он ки "масоили калидии ҳамкориҳои дуҷонибаи Маскав ва Кобулро баррасӣ хоҳанд шуд".

Қаблан, Мария Захарова гуфта буд, ки ин нишаст рӯзи 4-уми октябр баргузор мегардад ва дар он намояндагони  Русия, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон ва ҳукумати Толибон даъват шудаанд.

Дар ин ҳамоиш масоили марбут ба Афғонистон баррасӣ мешаванд ва бахши асосии он пушти дарҳои баста сурат мегирад.

Ҳоло маълум нест, ки намояндаи Тоҷикистон дар ин нишаст ширкат мекунад ё не.

Бояд гуфт, ин бори дуюм аст, ки Толибон ба нишасти формати Маскав даъват мешаванд. Соли гузашта низ онҳо дар ин нишаст, ки охири моҳи сентябр дар шаҳри Қазони Русия баргузор шуда буд, ширкат карда буданд. Дар нишасти қаблӣ намояндагони Русия, Чин, Эрон, Ҳиндустон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Ӯзбекситон ва Туркманистон ширкат доштанд.

Дар баёнияе, ки дар поёни ин нишаст вазорати корҳои хориҷаи Русия нашр кард, аз Толибон хоста шуда буд, ки бо дар мубориза бо терроризм бо кишварҳои минтақа ҳамкорӣ кунад.

Бояд гуфт, пас аз дигарбора ба қудрат баргаштани Толибон дар Афғонистон то ҳол ҳеҷ кишваре онҳоро ба расмият нашинохтааст. Аммо бархе аз кишварҳои минтақа ба монанди Қазоқистон ва Қирғизистон Толибонро аз феҳристи созмонҳои террористӣ дар ин кишварҳо берун кардаанд.

Русия низ дар моҳҳои охир талош дорад, то ин гурӯҳро аз рӯйхати созмонзои мамнӯъ дар ин кишвар берун кунад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.