Рақобати Муин Ғафуров дар UFC бо варзишгари Ҷопон, ки ҳоло таъми бохтро начашидааст

Дар мусобиқаи UFC 311 размикори тоҷик Муин Ғафуров бо варзишгари Ҷопон Риня Накамура (UFC 2-0, 9-0), ки то ҳол таъми бохтро начашидааст, рақобат мекунад. Мусобиқаи UFC 311 рӯзи 18 январи соли 2025 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Дар ин бора инсайдери ММА Марсел Дорф расман хабар додааст. Қобили зикр аст, ки моҳи июн Муин Ғафуров […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Дар мусобиқаи UFC 311 размикори тоҷик Муин Ғафуров бо варзишгари Ҷопон Риня Накамура (UFC 2-0, 9-0), ки то ҳол таъми бохтро начашидааст, рақобат мекунад.

Мусобиқаи UFC 311 рӯзи 18 январи соли 2025 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Дар ин бора инсайдери ММА Марсел Дорф расман хабар додааст.

Қобили зикр аст, ки моҳи июн Муин Ғафуров дар вазни сабуктарин дар мусобиқаи UFC on ABC 6 дар Ар-Риёз (Арабистони Саудӣ) бо қарори якдилонаи доварон Кюн Хо Канг (UFC 8-5-1, 19-12), намояндаи Кореяро мағлуб кард.

Акнун рекорди рӯзмарраи ӯ дар рақобатҳои омехтаи касбӣ 19 ғалаба ва 6 бохтро ташкил медиҳад. Дар чемпионати мутлақи размикорон (UFC) Ғафуров 3 рақобат анҷом дод ва ғалаба бар Канг аввалин дар ин промоушен дониста мешавад.

Ҳозир рақобати нави Муин Ғафуров маълум шуда, пас аз рақобати пешина бо намояндаи Корея ӯ бо варзишгари Ҷопон Риня Накамура рақобат мекунад.

Муин Ғафуров чорумин размикор аз Тоҷикистон аст, ки бори аввал дар UFC ҳунарнамоӣ кард. Ҳанӯз соли 2021 Ғафуров талош варзида буд, ки тариқи Силсилаи довталабии Дана Уайт ба UFC роҳ ёбад, лекин бо қарори доварон дар рақобат шикаст хӯрд.

Соли 2022 дар промоушени амрикоии LFA ду ғалаба бо нокаут ба даст овард. То рақобатҳо дар Амрико Муин дар мусобиқаҳои ONE, Alash Pride ва ACB, инчунин қувваозмоиҳо дар TFC иштирок кардааст.

Моҳи июни соли 2023 дар рақобати аввали худ дар UFC дар мусобиқаи Vegas 74 Муин Ғафуров бо қарори якдилонаи ҳакамон аз Ҷон Кастанеде шикаст хӯрда буд. Моҳи октябри ҳамон сол боз аз варзишгари Русия Саид Нурмагомедов шикаст хӯрд. Моҳи июни соли 2024 бошад, дар рақобат бо намояндаи Корея Ку Хо Канг ба пирӯзии аввалини худ дар Лига ноил гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.