“Бо табар якеро захмӣ кард”. Муноқишаи хонандагони ду мактаб дар Душанбе

Шоми 7-уми октябр дар шаҳри Душанбе як гурӯҳ ноболиғон, хонандагони синфҳои 10-и мактабҳои №42 ва №30 ноҳияи Фирдавсӣ бо ҳамдигар муноқиша кардаанд, хабар медиҳад пулиси пойтахт. Зимни санҷиш аз ҷониби кормандони пулис дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти мактабҳои мазкур 8 нафар иштироккунандаи муноқиша дастгир карда шудаанд. “…аз сабаби хусумату бадбинии қаблан ҷойдошта, ноболиғон якдигарро латукӯб кардаанд. […]

Asia-Plus

Шоми 7-уми октябр дар шаҳри Душанбе як гурӯҳ ноболиғон, хонандагони синфҳои 10-и мактабҳои №42 ва №30 ноҳияи Фирдавсӣ бо ҳамдигар муноқиша кардаанд, хабар медиҳад пулиси пойтахт.

Зимни санҷиш аз ҷониби кормандони пулис дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти мактабҳои мазкур 8 нафар иштироккунандаи муноқиша дастгир карда шудаанд.

“…аз сабаби хусумату бадбинии қаблан ҷойдошта, ноболиғон якдигарро латукӯб кардаанд. Ҳангоми муноқиша ноболиғ Р.И. бо табар ба гардани ноболиғ Р.А. зарба зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст", – менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, қазия мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Бояд гуфт, ки муноқиша ва ҳуқуқу қонунвайронкунӣ миёни ноболиғон боиси нигаронии мақомот низ гаштааст. Тибқи иттилои мақомоти кишвар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар доираи амалиёти "Корд" дар шаҳри Душанбе аз ноболиғон ва ҷавонон 62 адад силоҳи сард мусодира шудааст.

“Нигаронкунанда он аст, ки 60-адади чунин предметҳо маҳз аз дасти ноболиғон дарёфту мусодира карда шуда, нисбати волидайни онҳо тибқи моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудаанд”, – иттилоъ додааст Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Мақомоти кишвар нигаронӣ кардааст, ки бо вуҷуди ҳушдорҳои зиёд дар мавриди таълиму тарбияи  наврасон ва ба ҷавобгарии маъмурӣ  кашидани онҳо, боз ҳам истифода ва бо худ гирифтани силоҳи сард аз ҷониби наврасону ҷавонон қатъ намешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио