Ба ҷойи ҳаҷ. Сокинони Шаҳристон роҳ ва дар мактабҳо ошхона сохтанд

Дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд бо саҳмгузории чанд нафаре аз сокинони деҳаҳои Суғдиён ва Ободӣ, ки барои ҳаҷ маблағ ҷамъ оварда буданд, қариб 4 километр роҳи ҷамоати Бунҷикат мумфарш (асфалтпуӯш) карда шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад. Ғайр аз ин, чанде аз сокинони деҳаҳои Ободӣ ва Себзор барои муаасисаҳои таълимӣ […]

Дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд бо саҳмгузории чанд нафаре аз сокинони деҳаҳои Суғдиён ва Ободӣ, ки барои ҳаҷ маблағ ҷамъ оварда буданд, қариб 4 километр роҳи ҷамоати Бунҷикат мумфарш (асфалтпуӯш) карда шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ғайр аз ин, чанде аз сокинони деҳаҳои Ободӣ ва Себзор барои муаасисаҳои таълимӣ ошхона сохтанд. Аз ҷумла, акнун мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №2 ва №4-и ноҳия соҳиби ошхонаҳо шуданд. Ошхонаҳо бо таҷҳизоти зарурӣ ва мебел таъмин карда шудаанд.

Барои сохтмон ва ободонии ҳар кадоме аз ин иншоот сокинон маҳаллӣ 400 ҳазор сомонӣ сарф карданд. Гутфа мешавад,  ин маблағҳо барои адои маросими ҳаҷ ҷамъоварӣ шуда, лекин сокинони деҳот тасмим гирифтаанд, ки онро барои обод кардани иншооти зерсохтори маҳаллӣ равона мекунанд.

Ҳамаи ин иншоот зимни сафари раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Шаҳристон мавриди истифода қарор гирифта, дар ҷараёни мулоқот бо сокинони маҳаллӣ ӯ аз ин иқдоми онҳо иқтиқбол намуда, ба онҳо барои корҳои хайру эҳсонкорӣ изҳори миннатдорӣ кард. Ӯ зикр кард, ки сокинони вилоят барои рушд ва ободонии деҳаҳои худ саҳми назаррас мегузоранд.

Дар ҷараёни сафар Аҳмадзода ҳамчунин кӯдакистони навро ифтитоҳ кард. Бинои мавҷуда пас аз таъмир ба муассисаи таҳсилоти томактаби мутобиқ карда шуда, дар марҳилаи аввал дар се гурӯҳ 85 нафар кӯдакон фаро гирифта шуданд. Дар кӯдакистон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудаааст.

Ба иттилои масъулин, айни замон дар ноҳия ду кӯдакистон фаъолият дошта, сол аз сол талабот ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ зиёд мегардад.

Қобили зикр аст, ки ин бори аввал нест, ки сокинони Тоҷикистон маблағҳои барои адои маросими ҳаҷ ҷамъовардаашонро барои корҳои хайру эҳсонкорӣ ва ободии иншооти зербинои маҳаллӣ сарф мекунанд.

Қаблан низ афроди начандон доро, асосан насли калонсол маблағҳои барои ҳаҷ ҷамкардаашонро ба сохтмони роҳҳои маҳаллӣ, нуқтаҳои обрасонӣ, обпартоҳо, мактаб ва дигар иншооти иҷтимоӣ сарф мекунанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ чандин маротиба якчанд бор адо кардани маросими ҳаҷро аз ҷониби баъзе шаҳрвандони кишвар мавриди интиқод қарор дода буд.

Ӯ зикр карда буд, ки “вақтҳои охир баъзе ҳамватанони мо дар анҷом додани маросими ҳаҷ ба зиёдаравию намоишкорӣ роҳ дода, зиёрати хонаи Худоро ба як намуди мусобиқа мубаддал сохта истоданд”. Ӯ аз шаҳрвандон даъват намуд, ки пулҳоро “дар роҳи кумак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату шахсони ниёзманд, бунёду таъмири роҳу пулҳо, муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва дигар корҳои хайр” сарф кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.