Дар мусобиқаи ҷаҳонии “Abu-Dhabi Grand Slam – 2024” Тоҷикистонро 6 ҷудокор муаррифӣ мекунад

Пагоҳ дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб мусобиқаи навбатии “World Judo Tour” – “Abu-Dhabi Grand Slam – 2024”  оғоз меёбад ва дар он 6 ҷудокори тоҷик ширкат меварзанд. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ин мусобиқа бо иштироки 236 ҷудокор (163 мард, 73 зан) аз 33 кишвари ҷаҳон баргузор мегардад. Гуфта […]

Пагоҳ дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб мусобиқаи навбатии “World Judo Tour” – “Abu-Dhabi Grand Slam – 2024”  оғоз меёбад ва дар он 6 ҷудокори тоҷик ширкат меварзанд. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ин мусобиқа бо иштироки 236 ҷудокор (163 мард, 73 зан) аз 33 кишвари ҷаҳон баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, Тоҷикистонро дар мусобиқаи “Abu-Dhabi Grand Slam – 2024” дар вазнҳои гуногун ин ҷудокорон муаррифӣ мекунанд:

* Обид Ҷебов (-66кг);

* Беҳрӯзи Хоҷазода (-73кг);

* Абубакр Шеров (-73кг);

* Муҳаммадҷон Абдулҷалилзода (-90 кг);

* Умедҷон Раҷабзода (-90кг);

* Ҷаҳонгир Маҷидов (-100кг).

Ин мусобиқа то рӯзи 13-уми октябр давом мекунад.

Ба барандагони медали тило 5 ҳазор евро, медали нуқра – 3 ҳазор евро ва ба соҳибони медали биринҷӣ 1 ҳазору 500 евро тақдим мегардад.

Мусобиқаҳои байналмилалии ҷудо яке аз роҳҳои муҳими рушди ин варзиш ва баланд бардоштани сатҳи касбии варзишгарон мебошад. “World Judo Tour” силсилаи мусобиқаҳоест, ки дар он беҳтарин ҷудокорони ҷаҳон иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки “Abu-Dhabi Grand Slam – 2024” яке аз марҳилаҳои муҳимми ин силсиламусобиқаҳо ба ҳисоб меравад. Ин мусобиқа на танҳо имконияти санҷидани қувва бо беҳтарин ҷудокорони ҷаҳонро фароҳам меорад, балки барои ҷамъоварии имтиёзҳо барои роҳхат ба бозиҳои олимпии навбатӣ низ муҳим аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.